Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзи дуввуми боздиди худ аз Русия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва Владимир Путин, нахуствазири Русия дидору гуфтушунид дошт.

Онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энержӣ, иқтисодӣ ва амният баррасӣ карданд. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки вақтҳои ахир равобити миёни Маскаву Анкара густариш меёбад. Ин ду кишвар дар бахши энержӣ дар Қафқоз ва
Туркия воқеъгароёна манофеъи худро дунбол мекунад. Ба ҳамин сабаб онҳо мехоҳанд, боварӣ ҳосил кунанд, ки ҳамаи тухмҳоро дар як сабад намегузоранд...
Ховари Миёна бо ҳам рақобат мекунанд ва барои нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар саросари ҷаҳон бо якдигар ба мусобиқа пардохтаанд.

Таҳлилгарон чунин равишро ба рақсе шабоҳат додаанд, ки пайомадҳои он дунболадор хоҳад буд.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО


Аз бисёр ҷиҳат Русияву Туркия бо ҳам ҳамкор мебошанд. Ҳар ду кишвар ҳам дар баробари Ғарб эҳтиёткорӣ мекунанд. Ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҳам қавл додаанд, ки тавоноии пешини кишварашонро барқарор месозанд.

Боздиди дурӯзаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Маскав қадами баъдии ҷонибҳо барои ҳамкориҳо миёни ин ду кишварест, ки замоне рақибони сахт буданд. Дар мулоқоти Эрдуғон бо Владимир Путин, нахуствазир ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия масъалаи Қафқози ҷанубӣ ва ҳамкориҳои энержӣ дар садри масъалаҳои гуфтушунуди ҷонибҳо қарор дошт.

Аммо дар ҷараёни ин боздид дар заминаи ҳамаи ин масъалаҳо таҳкими равобит ва муносиботи ин ду кишвар баъд аз қарнҳо муноқиша барҷастатар ҷилвагар шуд. Булент Алиризо, мудири Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмиллалии Туркия дар Вошингтон мегӯяд, чунин равиш барои ин ду кишвари худкома дар минтақа падидаи маъмулист.

ТАЪРИХЧАИ ЭНЕРЖӢ


Алиризо мегӯяд, муносибатҳои Русияву Туркия "таърихчаи энержӣ" дорад, ки ба солҳои ахири мавҷудияти Шӯравӣ иртибот мегирад, яъне ба ҳамон солҳое, ки Шӯравӣ ба интиқоли гази худ ба Туркия оғоз кард. Вай меафзояд, аз ҳамон вақт ба ин сӯ ин ҳамкориҳо ба густариши муносибатҳои дипломатӣ табдил ёфт.

Ба гуфтаи вай, ахиран Туркия як навъ хатти маши мустақилонаро ташвиқ мекунад. Чунин раванд дар ҷараёни боздиди Владимир Путин аз Туркия ба таври возеҳ мушоҳида шуд, вақте, ки Туркия ба ширкати "Газпром"-и Русия иҷоза дод, ки Маскав метавонад барои сохтмони лӯлаи гази худ ба Аврупои шарқиву ҷанубӣ аз обҳои ҷанубии Баҳри Сиёҳ истифода кунад. Чунин равиши Туркия бар зарари ширкати Набуко буд, ширкате, ки аз он Иттиҳоди Аврупо ҳимоят мекунад.

Ин ширкат бояд гази Баҳри Каспийро тавассути Туркия ба кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳад ва пойбандии Аврупо аз гази Русияро камтар кунад. Дар посух ба иҷозаи Туркия "Газпром"-и Русия қавл дод, ки тавассути қаламрави Туркия аз Баҳри Сиёҳ то Баҳри Миёназамин лӯлаи газ созад.

СОЯИ ПАҲНИ НАБУКО


Табиб Ҳусейнов-раиси намояндагии Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳроншиносӣ дар Боку мегӯяд, чунин рафтори Туркия сабаб дорад. Тарҳи лӯлаи Набуко ҳамеша камбуди молиро эҳсос мекард ва эҳдоси он ба таъхир андохта мешуд. Ба ин сабаб Туркия аз тарҳи Набуко даст кашид: "Туркия воқеъгароёна манофеъи худро дунбол мекунад. Туркҳо мебинанд, ки дар иҷрои тарҳи Набуко пешравӣ мушоҳида намешавад. Ба ҳамин сабаб онҳо мехоҳанд, боварӣ ҳосил кунанд, ки ҳамаи тухмҳоро дар як сабад намегузоранд ва барои амнияти энержии худ ба Набуко низ умед мебанданд. Онҳо мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки роҳҳои дигар низ вуҷуд дорад".

ТАФОВУТҲОИ ДУ ТАРАФ


Дар ҷараёни боздиди Путин аз Туркия ширкатҳои ин ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки барои сохмони нирӯгоҳи барқӣ дар Туркия як ширкати муштарак таъсис медиҳанд.

Дар масоили дигар низ ин кишвар мехоҳанд аз ҳимояти якдигар бархӯрдор шаванд. Анкара мехоҳад, ки Русия Арманистонро ба ҳалли масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ водор созад. Гузашта аз ин, Русия ва Туркия дар баробари мавзеъгирии шадиди Амрико бар зидди барномаҳои ҳастаии Эрон тақрибан ҳамсадо мешаванд. аммо дар масъалаи Балкан мавзеъгириҳои Русияву Туркия аз ҳам фарқ дорад.

Русия дар ин минтақа ба таври анъанавӣ аз мавзеъгирии калисои православ ҳимоят мекунад, вале Туркия бар зидди ин сиёсат аст ва аз мусулмонони Косово ва Албания дифоъ мекунад. Бо вуҷуди ин таҳлилгарон дар сиёсатҳои Туркияву Русия ихтилофоти ҷиддиро мушоҳида намекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG