Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои Русия ва Туркия густариш меёбад


Дар рӯзи дуввуми боздиди худ аз Русия Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур ва Владимир Путин-нахуствазири Русия мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энержӣ, иқтисодӣ ва амният баррасӣ карданд. Медведев зимни суханони худ дар мулоқот бо Медведев ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ кард:

"Мо рӯи тарҳои бузург дар бахши энержӣ ва арсаҳои дигар ҳамкорӣ мекунем. Мо аз ин хеле қаноатмандем ва фикр мекунем, ки ҳамкориҳои мо дар ин росто хеле муҳим аст".

Дар музокироти имрӯзи раҳбари Туркия ва раҳбарони Русия масъалаи амният дар ҷануби Қафқоз низ баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG