Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ба номуси 3 хоҳарон дар зиндони Ӯзбекистон


Як зани ӯзбек дар бораи саргузашти худ ва ду хоҳараш, ки дар зиндон мавриди азияту озори зиндонбонон қарор гирифтаанд ва борҳо ба номусашон таҷовуз шудааст, ҷузъиёти бештар пешкаш кард. Хосият Соатоваи 23-сола хоҳари хурдӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай ва ду хоҳари дигараш 9-ӯми май дар Тошаканд барои як моҷарои хонаводаӣ боздошт шуда буданд. Вай гуфт, баъди як рӯзи боздошт кормандони пулис дар зиндон ба номуси хоҳараш Райҳони 28-сола таҷовуз кардаанд. Ҳамин гуна Райҳон ва Хосият қабл аз таҷовуз дар натиҷаи лату кӯб дар таҳхонаи зиндон аз ҳуш рафтаанд. Хосият низ ин гуфтаҳоро таъйид кардааст. Моҳи декабр Хосият дар зиндон таваллуд кардааст ва мегӯяд, он натиҷаи таҷовуз будааст. Бар зидди пулиси зиндон парванда боз шудааст ва расидагӣ ба парванда идома дорад.
XS
SM
MD
LG