Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои дипломатии Туркия ва Исроил


Туркия мегӯяд, ки то поёни рӯз сафири худро аз Исроил фаро мехонад, агар Исроил таҳқири сафирро ҷуброн накунад. Таниши дипломатии миёни ин ду кишвар рӯзи душанбе оғоз шуд, замоне, ки Даннӣ Аялон-муовини вазири умури хориҷаи Исроил сафири Туркияро ба вазорат эҳзор кард ва бар зидди намоишномаи телевизионӣ, ки дар он агентҳои Исроил бераҳм нишон дода мешаванд, эътироз кард. Сипас муовини вазир аз сафир хост, ки аз курсӣ поён нишинад ва ҳангоми бозгашти сафир ба вай барои худоҳофизӣ даст дароз накард. Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ин мушкил бояд то ҳамин шаб ҳал шавад. Туркия мехоҳад, ки Исроил барои чунин рафтор бахшиш пурсад. Ба зудӣ Бенямин Натаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, ки иддаои Аялон дуруст будааст. Аялон мегӯяд, вай қонунро нақз накардааст ва узр ҳам нахоҳад хост.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG