Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарсҳои низомӣ дар мактабҳои Гурҷистон ҷорӣ мешавад


Гурҷистон мегӯяд, ки дар мактабҳо дарсҳои низомӣ ё машқҳои низомиро оғоз хоҳад кард. Бачо Ахалая-вазири дифои ин кишвар гуфтааст, донишҷӯён бо усули аслии машқҳои низомӣ, сохтори нируҳои мусаллаҳ ошно мешаванд ва имкон хоҳанд дошт истифода аз навъҳои аслиҳаро низ ёд бигиранд. Президент Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, Гурҷистон ва гурҷиҳо дидаанд, ки ҳар тасодуфе имкон дорад. Барои ҳамин ҳар кас бояд тавонад аз ватани худ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG