Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон заминларзаи ахир дар ноҳияи Ванҷро як ҳодисаи табиӣ арзёбӣ кардаанд.

Ҷаҳонгир Низомов, раиси ин пажӯҳишгоҳ, ба хабарнигорон гуфт, гурӯҳи кории мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи боздид аз маҳалли заминларза ба ин натиҷа расидаанд, ки он ҳодисаи аҷибу ғарибе нест.

Ахиран, бо вуқӯъи заминларза дар миёни аҳолии ин минтақа сару садоҳое пайдо шуд, ки гӯё ба ҳангоми ларзиши замин садоҳои мухталифе монанд ба овози таркиш баланд шудааст. Аммо Низомов гуфт, дарвоқеъ ин садои маъмулии раванди заминларза аст, ки мавҷҳои сейсмикӣ аз қаъри замин ба сатҳи замин берун мешаванд ва чунин садо ҳосил мешавад.

Аз сӯи дигар, ин масъулон сару садоҳоро мабнӣ бар ин ки гӯё заминҷунбӣ дар ноҳияи Ванҷ бар асари бархӯрди маъодини зеризаминӣ ва вулқон ба вуҷуд омадааст, рад карданд.

Масъулони Пажӯҳишгоҳи геологияи Академия мегӯянд, ноҳияи Ванҷ дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ аст ва рух додани вулқон имкон надорад. Чун ба таъкиди ин масъулон вулқон маъмулан дар наздикии соҳили баҳр иттифоқ меафтад.

Бо ин ҳама, нигаронии масъулони Академияи илмҳо аз он аст, ки манзили сокинон дар ноҳияи Ванҷ ва дар маҷмӯъ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои сейсмологӣ ва тобовар ба заминҷунбӣ сохта намешаванд, ки дар ниҳоят авоқиби номатлуб хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG