Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ба манзури таҷдиди идорӣ ва сохтории ин ниҳоди илмӣ як Комиссияи вижаи давлатӣ созмон дода шудааст.

Қарор аст, муддати се моҳи оянда пешниҳодоти мушаххасеро дар заминаи ислоҳи ин ниҳоди илмӣ ба Ҳукумат ироа хоҳад кард.Ҳарчанд, масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон омодагии хешро барои таҷдиди идорӣ ва сохтории ин нҳиод эълом кардаанд, аммо бар ин назаранд, ки ин кор замон ва маблағи зиёдеро тақозо дорад. Зеро, ба таъкиди масъулони Академия, маблағе, ки аз буҷаи давлат барои фаъолияти муасиссисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ҷудо мешавад, нокофӣ аст.

Омодагии масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ислоҳоти идорӣ ва сохтории ин ниҳоди илмӣ ва таҳқиқотӣ дар ҳоле эълом мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чунин дастуреро дар мулоқот бо аҳли илму фарҳанг дар ҳудуди се ҳафтаи пеш дода буд. Президент Раҳмон, ислоҳоти идорӣ ва сохтории Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар шароити феълии замони муосир гоми зарурӣ ва муҳим хонд. Зеро ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, «Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутобиқ ба шароиту имкониятҳои он давра таъсис ёфта буд, то имрӯз фаъолияти худро дар ҳамон шакли сохторӣ пеш мебарад ва самаранокии он солҳои охир кам эҳсос мешавад».

Ба гуфтаи Маҳмадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамакнун Комиссияи вижаи давлатӣ барои мавриди амал қарор додани супориши раиси ҷумҳур, бо шумули намояндагони вазоратҳову идораҳо, муассисаҳои илмии Академия ва дигар олимону мутахассисони соҳа ташкил шуда, ки раёсати онро Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, бар ӯҳда дорад, Ба гуфтаи Илолов, ин комиссия муддати се моҳи оянда пешниҳодоти мушаххасеро барои ислоҳоти идорӣ ва сохтории Акадекмияи илмҳо таҳия ва ба Ҳукумат ироа хоҳад, кард. Аммо, бо ин ҳам академик Илолов, мӯътақид аст, ки аз сохтори Академияи илмҳо, ки хоси даврони Шӯравӣ метавон ба унвони беҳтарин сохтор дар ҷаҳон ном бурд, «сохторе, ки Академияи илмҳои Итиҳоди Шӯравӣ дошт, мумкин беҳтарин сохтор дар ҷаҳон буд. Натиҷаҳои илмие, ки дар замони Шӯравӣ ба даст омада буданд, дар ҳеҷ кишвари дигаи ҷаҳон чунин кашфиётҳо вуҷуд надошт. Мо инро нодида гирифта наметавонем. Ҳамин анъанаҳое, ки дар тӯли садсолаҳо омадааст, онро зуд шикаста намешавад. Албатта як чизи худ бошад, мешавад аз он истифода кард. Аммо чизи хушку холӣ даркор нест. Ин хиёнат ба илм ва Академия аст».

Албатта, академик Илолов, мегӯяд, таҷдиди идорӣ ва сохторӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон зарур аст, аммо як ислоҳоти инқилобиро интизор шудан номумкин аст. Ин дар ҳолест, ки Акбари Турсун, донишманди саршиноси тоҷик, ки дар чанд соли ахир муқими Амрико аст, сохтори феълии Академияро як сохтори кӯҳаншуда медонад ва мегӯяд, «ин сохтори кӯҳна аст ва ба тақозои сатҳи имрӯзаи рушди илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Ба ин далел, Академияро барҳам надодан, балки ҷойгоҳи онро баланд бардоштан лозим аст».

Ошноии мутахассисони тоҷик ба дастовардҳои илмии ҷаҳониро низ президент Раҳмон, дар мулоқоти ахираш бо аҳли илму фарҳанг таъкид карда буд, ки ба эътиқоди раиси ҷумҳур, омили афзун гардондани имкониятҳои рушди кишвар хоҳад шуд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сарафаш ба Амрико дар шаҳри Ню –Йорк бо академик Акбари Турсун мулоқот карда буд, ки ба бовари бархе аз соҳибназарон, пешниҳодоти матраҳшуда тавассути президент барои таҷдиди сохтори Академияи илмҳо маҳсули ин дидор будааст. Аммо ҳоло чунин ба назар мерасад, ки назарот ва пешниҳодоти ироакардаи Акбари Турсун мавриди қабули масъулони Академия нест.

Фозил Тоҳиров, раиси Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сароҳат мегӯяд, сохтори Академияро кӯҳна донистан нодуруст аст, «чи касе метавонад сохтори Академияро кӯҳна гӯяд. Ин нодуруст аст. Бубинед, мо аввал чанд институти илмӣ - тадқиқотӣ доштем. Ҳоло ба 23 адад расидааст. Коре, ки ин муассисаҳо мекунанд, баробар ба он аст, ки кормандони онҳо 700 – 800 ҳазор доллар маош мегирифта бошанд. Дар ҳоле, ки маош ночиз аст ва кормандони Академия фидоӣ ҳастанд».

Пас сабаб чист, ки муддати 18 соли истиқлоли Тоҷикистон Академия ва муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии он дар сатҳи байналмилалӣ ба дастоварди назаррасе даст наёфтааст? Ҳатто кор ба ҷое расидаст, ки миёни илм ва истеҳсолот ҳамкории зич вуҷуд надорад? Маҳмадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар посухи ин суолот мегуяд, «маблағе, ки аз буҷа ҷудо мешавад нокофӣ аст. Агар сад дар сад зиёд карда шавад, мушкил ҳал хоҳад шуд. Лекин мо талаб карда наметавонем. Чун медонем, ки имкониятҳои буҷа даст намедиҳад. Аз сӯи дигар, корхонаҳои саноатӣ дигар ба муассисаҳои илмӣ супориш намедиҳанд. Зеро, барои онҳо илм нодаркор шудааст. Мушкили аслӣ низ ҳамин аст».

Мушкилоти мавҷуд дар ҳолест, ки тибқи пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии муасиссаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдидодаи онҳо амалӣ хоҳад шуд ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо маблағгузорӣ ба ин гуна сохторҳо қатъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи иттилоъи масъулони Академияи илмҳо, бештари ҷавонон ба иллати поин будани маош, хоҳиши кор кардан дар муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотиро надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG