Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугл аз Чин берун меравад


Ширкати маъруфи Google, ки хадамоти ҷустуҷӯи интернетиро ироа мекунад, мегӯяд, ки дигар ба ҳеҷ сурат маълумоти мавриди ҷустуҷӯ аз Чинро сонсур нахоҳад кард. Чунин изҳороти Google баъди мавриди як ҳамлаи интернетӣ қарор гирифтани ин сайт пахш шуд ва ҳоло Google таҳдид дорад, ки аз бозори ин кишвар берун хоҳад шуд.

Рон Зинович, радиои Озодӣ


Ширкати Google Inc. мегӯяд, баъди он ки компютерҳои дафтари он дар Пекин ва боз бист ширкати дигари созмонҳои мухталиф, аз ҷумла, фаъолони ҳуқуқи башар мавриди ҳамлаи интернетӣ қарор гирифтанд, аз бозори Чин берун мешавад.

Дар натиҷа, дигар ин ширкат ният надорад, ки маълумоти ҷустуҷӯшавандаи марбут ба Чинро дар интернет филтр кунад. Ва аллакай cар аз рӯзи 13-уми январ маълумоти марбут ба раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама ва кушторҳои ҷамъӣ дар майдони Тиянанмин, ки то имрӯз дар қаламрави Чин баставу масдуд будааст, ба ҳама корбарон ба забони чиноӣ дастрас шуд.

Масъулини Google мегӯянд, сарчашмаи ҳамлаи интернетиро ҳоло таҳқиқ доранд ва ҳанӯз гуфта наметавонад, ки оё дар ин кор дасти мақомоти Чин дида мешавад ё хайр. Вазорати хориҷаи Чин аллакай гуфтааст, ки ба ин ҳодиса аслан иртибот надорад.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳодисаи мазкур аз як сӯ метавонад баёнгари шурӯи марҳилаи нави шеваи шадидлаҳни бархӯрди мақомоти Кохи Сафед бо ҳукумати Чин шавад. Вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон бо пахши изҳороте аз Пекин талаб кардааст, ки ин ҳамлаи интернетиро шарҳ бидиҳад. Хонум Клинтон ният дорад, рӯзи 21-уми январ як ташаббуси роҳандозии сиёсати нави фанниро дар заминаи “Озодиҳои интернетӣ” муаррифӣ кунад. Ин барнома масъулияти давлатҳои ноозодро аз Қафқоз сар карда, то Чину Эрону Куба, ки талош доранд, интернетро ҳам хафа кунанд, инъикос хоҳад кард.

Иқдоми Google-ро фаъолони ҳуқуқи башар истиқбол кардаанд. Розанн Райф муовини барномаҳои созмони Афви байнулмилал дар Уқёнусия аст. Ӯ мегӯяд:
“Гузориш дар бораи шикастани рамзҳову вориди имейлҳои мудофеони ҳуқуқи башар шудан хеле нигаронкунанда аст. Мо дар давоми солҳои охир зиёд роҷеъ ба мавридҳои ҳамла ба кори созмонҳои ғайридавлатӣ дар дохилу хориҷи Чин гузоришҳо додем. Ин гуна ҳодисаҳо зиёд аст, ки тарафе талош мекунад вориди имейли шумо шавад ва ин чиз мояи нигаронии мост”.

Фаъолони ҳуқуқи башар дар Чин, ки ҳамчунин аз иқдоми ширкати интернетии маъруф истиқбол кардаанд, мегӯянд, ки чунин рафтори мудохилаву кӯшиши дастрасӣ ба маълумоти пӯшидаи имейлӣ ғайри қобили қабул аст ва муғойир бо принсипҳои озодиҳои шахсӣ ва озодии баён мебошад.
XS
SM
MD
LG