Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Аврупо бо аҳзоби сиёсии Тоҷикистон


Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва маъаракаи марбут ба саҳмияҳои Роғунро баррасӣ карданд.

Се масъалаи умда дар мулоқоти Морел бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе меҳвари гуфтугӯҳо буд. Якум, вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон. Дувум, ҷараёни омодагиҳо ба инптихобот ва савум, масъалаи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ дар робита ба маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба тавассути ҳукумати Тоҷикистон..

Намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки субот ва эътидоли сиёсӣ дар кишвар таъмину пойдор буда, Тоҷикистон барои баргузории як интихоботи озоду мунсифона омодааст ва бояд талош кард, ки ин фурсати нодир аз даст дода нашавад.

Бо вуҷуди қаноати ҳизбҳои сиёсӣ аз омодагиҳо ба интихобот, дар бархе аз масъалаҳо, аз ҷумла мушкилофаринӣ дар пешбарии номзадҳо ва гаравпулӣ ҳамчун монеаи чунин пешбарӣ шикоятҳо садо доданд. Намояндагони аҳзоб гуфтанд, агар ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳодҳои ислоҳот ризоият медод ва миқдори гаравпулиро кам мекард, ҳамаи ҳизбҳо метавонистанд, номзадҳои шоиста ва муносибро ба интихобот ворид кунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин мавзӯъро ба таври махсус матраҳ карда, аз Морел хост, онро дар мулоқоти ӯ бо раҳбарони кишвар дар миён гузорад.

Дар пайванд ба саҳмгузориҳо дар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ҷаноби Морел дар гуфтугӯ бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт, чӣ тавр кишваре, ки беш аз 50 дарсади аҳолияш зери хатти фақр ба сар мебаранд ва ҳукуматаш пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои кӯмак мекунад, имрӯз бо мадади мардуми фақираш мехоҳад, як тарҳи азим ва гаронхарҷро амалӣ кунад.

Ширкаткунандагони ҳамоиш мегӯянд, бо вуҷуди бархе аз дархостҳо, намояндагони аҳзои сиёсии Тоҷикистон нишон доданд, ки аз мулоқот бо Морел интизориҳои зиёд надоранд. Аз ҷумла раиси ҲНИТ, Муҳиддини Кабирӣ гуфтааст, чанд сол пеш аҳзоби сиёсии Тоҷикистон "романтик" буданд ва фикр мекарданд, ки намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ меоянду шикоятҳоро мешунаванд ва мушкилоти мавҷударо ҳал карда, ба интихоботи озоду одилона замина мегузоранд. Вале таҷриба нишон дод, ки чунин нест.

Фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ изҳор умедворӣ кард, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар 28-уми феврал дар сатҳи баланд ва одилона сурат хоҳад гирифт. Вай дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ ин боздиди худро дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард: "Ба ғайр аз дидорҳои расмӣ ҳамчунин омодагӣ ба интихобот ва шароити ширкати нозирони байнулмилалии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар интихоботи Тоҷикистонро низ баррасӣ хоҳем кард."

Дар посух ба суоле дар бораи муносиботи ахири миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон роҷеъ ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ҷаноби Морел гуфт, бояд далелҳои ҳар ду ҷониб шунида шавад. Вай гуфт, санади ахири Тоҷикистон дар бораи истифодаи об дар Осиёи Марказӣ муҳим ба назар мерасад: "Он гуна, ки шумо медонед, Тоҷикистон як санади бисёр ҷолибро бори аввал дар бораи сиёсати об мунташир сохт. Қисмати аввали он моҳи июл ва қисмати дуввуми он моҳи сентябр нашр шуд. Ин санад барои баррасиҳои ҳассос дар бахшҳои об, энержӣ ва энержии обӣ ҷанбаҳои қобили қабул дорад".

Интизор меравад, Фиристодаи вижаи Иттиҳои Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG