Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Морел: Санади Тоҷикистон ҷанбаҳои ҷолиб дорад


Боздиди дурӯзаи Пиер Морел-намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон идома дорад. Вай имрӯз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони аҳзоби сиёсии ин кишвар ва намояндагии САҲА мулоқот кард. Оқои Морел дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ ин боздиди худро дар остонаи интихоботи порламонии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Дар посух ба суоле дар бораи муносиботи ахири миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон роҷеъ ба сохтмони ниругоҳҳои обӣ оқои Морел гуфт, бояд далоили ҳар ду ҷониб шунида шавад. Вай гуфт, санади ахири Тоҷикистон дар бораи истифодаи об дар Осиёи Марказӣ муҳим ба назар мерасад:

"Он гуна, ки шумо медонед, Тоҷикистон як санади бисёр ҷолибро бори аввал дар бораи сиёсати об мунташир сохт. Қисмати аввали он моҳи июл ва қисмати дуввуми он моҳи сентябр нашр шуд. Ин санад барои баррасиҳои ҳассос дар бахшҳои об, энержӣ ва энержии обӣ ҷанбаҳои қобили қабул дорад".

Дидор ва гуфтушунуди Пиер Морел бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои пагоҳ, панҷшанбе дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG