Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google дар Чин баста мешавад?


Google бузургтарин ширкати интернетӣ мегӯяд, ҷустуҷӯҳо тавассути Google дар Чинро дигар тафтиш намекунад ва мумкин аст аз бозори Чин комилан хориҷ шавад, зеро дар қироати номаҳои интернетии кормандони ҳифзи ҳуқуқ рахна ба вуҷуд омадааст. Google рӯзи сешанбе эъломияе пахш кард ва гуфт, ҳакерҳои чиноӣ талош кардаанд ба системаи Gmail ё Google Mail ворид шаванд ва ба номаҳои истифодабарандагони интернет дастрасӣ пайдо кунанд. Gmail ҳукумати Чинро мустақиман муттаҳам накардааст, вале системаи ҷустуҷӯ тавассути Google-ро дар Чин маҳдуд мекунад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ин изҳороти Google нигарониҳои ҷиддиро дар бораи озодии интернет дар Чин ба бор овардааст. Вай аз ҳукумати Чин дархост кардааст, ки дар ин бора тавзеҳот диҳад.
XS
SM
MD
LG