Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Маҷлиси Эрон Амрикоро муттаҳам кард


Алӣ Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Эрон имрӯз бори дигар такрор кард, ки дар паси куштори донишманди ҳастаии Эрон ожонсиҳои кашфи Амрикову Исроил қарор доранд. Лориҷонӣ, ки дар гузашта раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон буд, зимни суханони худ дар Маҷлис Барак Обма-раиси ҷумҳури Амрикоро низ муттаҳам кард ва гуфт, вай аз "терроризм"-е, ки бо ин куштор иртибот дорад, ҳимоят мекунад. То ҳол касе ё ҷонибе масъулияти куштори Масъуд Муҳаммадӣ-донишманди риштаи ҳастаии Эронро бар ӯҳда нагирифтааст. Ҷониби Амрико ин иттиҳомоти Эронро бепояву масхараомез хонд. Масъуд Муҳаммадӣ рӯзи сешанбе дар Теҳрон дар як бмгузорӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG