Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои ҳавзаҳои инфиродии интихобот


Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, то ба имрӯз дар 41 ҳавзаи инфиродии интихоботи парлумонии моҳи феврал 58 номзад ба қайд гирифта шудааст.

Раиси ин комиссия Мирзоалӣ Болтуев гуфт, то ҳол роҷеъ ба пеш омадани мушкилот барои номзадҳо ба ин ниҳод ягон шикоят ворид нашудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, то поёни рӯзи чоршанбе теъдоди муддаиёни сабтиномшуда метавонад афзояд. То ба имрӯз ҲХДТ 41 нафар, ҲНИТ ҳудуди 20, ҲСДТ 22 номзад, ҲАТ беш аз 20 нафар, ҲДТ 7, ҲИИТ 13 ва ҲКТ 10 нафарро ба ҳайси номзад ба интихоботи 28-уми феврал пешбарӣ кардаанд. Дар ҳавзаҳои инфиродӣ то кунун ҳамагӣ як номзади зан сабти ном шудааст, ки он ҳам ректори донишкадаи забонҳо ва намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Марҳабо Ҷабборова аст, ки дар ноҳияи Синои пойтахт вориди рақобат хоҳад шуд.

Як бахши умдаи номзадҳоеро, ки аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ барои дарёфти курсии вакилии МН мубориза хоҳанд бурд, мансабдорони давлатӣ ташкил медиҳанд, масалан, Шермуҳаммади Шоён, намояндаи раисҷумҳур дар Маҷлиси Намояндагон дар ҳавзаи Шоҳмансур, Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Рашт, Меҳрганд Шаҳбозов, раиси Кумитаи омор дар Хоруғ, Меҳроҷиддин Ҳакимов сардори раёсати додситони кулли Тоҷикистон дар Файзобод ва ғ.

Давлаталӣ Давлатзода, ба тозагӣ аз мақоми муовини раиси ҲХДТ озодшуда дар ҳавзаи Рудакӣ бо Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ дасту панҷа нарм хоҳад кард. Хабарнигори маъруф Ҷумъахон Темурзода ба намояндагӣ аз Ҳизби Демократ дар ҳавзаи Ҳамадонӣ ва Давлат Усмон, собиқ вазири рушди иқтисодӣ ва савдо ҳамин тавр дар ҳавзаи Рашт вориди мубориза хоҳанд шуд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Конибодом, Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ дар ҳавзаи Сино талоши вуруд ба парлумонро хоҳанд кард.

Ба назари коршиносон, ин навбат Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо як тактикаи нав вориди сабқат шуда, мансабдорони пурвазнеро дар ҳавзаҳо пешбарӣ кардааст, ки мақоми давлатӣ ва пуштибонии ҳизби ҳоким ба шонси пирӯзии онон меафзояд.

Акоша Кабирӣ, намояндаи ҲНИТ ва номзад аз ҳавзаи Файзобод, мегӯяд, дар муқоиса бо интихоботи гузашта ин дафъа сабти номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ бидуни мушкил сипарӣ мешавад, ки мардумро нисбат ба иҷро шудани ваъдаи давлат дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф хушбинтар мекунад.

Аммо Масъуд Собиров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки бо осонӣ анҷом шудани сабти номзадҳо ҳанӯз аломати собити як интихоботи шаффоф нест, балки мизони шаффофияти интихоботро танҳо натоиҷи ниҳоияш рӯшан хоҳад кард.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ бархе номзадҳо гуфтанд, ки ҳарчанд сабти номзадҳо бояд аз 30-уми декабр оғоз меёфт, вале дар бештари ҳавзаҳо танҳо дар се рӯзи охир амалан ба сабти онҳо шурӯъ кардаанд. Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, низ вуҷуди чунин мушкилотро эътироф кард, вале гуфт, шикоёти расида дар ин замина саривақт баррасӣ ва ҳал шудааст.

Бо анҷоми марҳалаи сабтином, марҳалаи баъдии корзори интихоботӣ - маъракаҳои тарғиботии номзадҳо ба интихоботи парлумонии рӯзи 28-уми феврал шурӯъ хоҳад шуд. Марҳалаи пешбарии номзадҳо, ки ба рӯзҳои оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун дуруст омад ва зери сояи он маърака монд, ба сурати умум хеле хомӯшона сипарӣ шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, шояд маъракаҳои таблиғотии номзадҳо битавонад ин хомӯширо шикаста, таваҷҷӯҳи мардумро ба интихоботи парлумонӣ бештар кунанд.
XS
SM
MD
LG