Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо нафар кушта дар зилзилаи Ҳаитӣ


Бими он меравад, ки бар асари зилзилаи рӯзи сешанбе дар Ҳаитӣ садҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шуда бошанд. Ин зилзила ба шиддати 7 дараҷаи ҷадвали Рихтер боиси фурӯ рехтани биноҳо ё осеби ҷиддӣ бардоштани биноҳо, аз ҷумла Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва намояндагии посдорони сулҳи СММ дар пойтахти ин кишвар шудааст. Зилзилашиносон мегӯянд, маркази зилзила ба Порто Принтс-пойтахти Ҳаитӣ наздик будааст. СММ мегӯяд, то ҳол чанд нафар аз кормандони ин созмон, аз ҷумла раҳбари намояндагиро пайдо накардаанд. Баъд аз зилзизлаи рӯзи сешанбе ду дафъаи дигар замин ларзидааст. Амрикову Фаронса ва кишварҳои Амрикои Лотин эълон кардаанд, ки гурӯҳҳои наҷоти худ ва кӯмакҳои заруриро ба Ҳаитӣ мефиристанд. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт:

"Мо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пурра кӯмаки худро ба Ҳаитӣ ва дигарон дар минтақа пешниҳод мекунем. Мо барои рафъи харобиҳо ҳам кӯмакҳои башарӣ ва ҳам кӯмакҳои низомӣ омода мекунем. Мардуми мо ба ононе, ки аъзои хонаводаи худро аз даст додаанд, дуо мефиристанд".

Ҳаитӣ тақрибан 9 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз кишварҳои нодор ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG