Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осори наққошии тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳ


Дар намоишгоҳи осори наққошии "Петербург 2009", ки дар толори "Манеж"-и Санкт Петербург гушоиш ёфтааст, наққошиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Матбуоти Русия тарҳи "Таҷикс Артс"-ро аз муҳимтарин тарҳҳои ин номиишгоҳ арзёбӣ кардаанд. Дар ин намоишгоҳ 500 наққош осори дасти худро ба намоиш гузоштаанд. Тибқи хабарҳо, муҳоҷирони кории тоҷик 12 асари наққоширо ба ин намоишгоҳ пешкаш кардаанд. Ин намоишгоҳ ҳар сол аз 7 то 24-ӯми январ дар Санкт Петербург давом мекунад. Дар осори соли ҷорӣ танҳо симои инсон таҷассум ёфтааст.
XS
SM
MD
LG