Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои мавсими варзишии соли 2009


Tajikistan -- Dilshod Nazarov, Tajik thrower, winner of some international competitions, undated
Tajikistan -- Dilshod Nazarov, Tajik thrower, winner of some international competitions, undated

Варзишгарони тоҷик соли 2009 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ 280 медал ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 63 адад бештар аст.

Ин нукта дар гузориши Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ин кумита, ки 13-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид шуд.

Ҷаноби Неъматов иброз дошт, ки варзишгарони тоҷик порсол дар ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби кишвар соҳиби 61 медали тилло шуданд. Чунончи, Далер Сайфиддинов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 78 кг барои бори аввал ба унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон даст ёфт. Эраҷ Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ дар вазни то 52 кг гардид. Набимуҳаммад Хоркашев барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо дар вазни то 100 кг шуд. Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гурзро ба масофаи 76 метру 92 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барои севвумин бор барандаи Ҷоми президенти Конфедеросиюни футболи Осиё шуд.

Соли гузашта, таъкид сохт М. Неъматов, дар ҷумҳурӣ мусобиқоти оммавии варзишӣ, монанди Дави миллӣ, Рӯзи олимпӣ, Давҳои марафонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдат ва Рӯзи Парчами миллӣ дар сатҳи баланд доир гаштанд. Инчунин порсол дар шаҳри Хуҷанд муҷтамаъи бузурги варзишӣ ба истифода дода шуд.

Вале ба назари коршиносону мутахассисони соҳа бо вуҷуди пешравиҳо дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд. Барои баландшавии маҳорати варзишгарони тоҷик ва ширкати бомуваффақияти онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ, пеш аз ҳама, бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар кишвар зарур аст.

Соли 2010 варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳониву қитъавӣ, ба монанди Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ (моҳи феврал дар Ванкувери Канада), Бозиҳои II кишварҳои исломӣ (моҳи апрел дар Ҷумҳурии Исломии Эрон), нахустин Бозиҳои олимпии наврасон (моҳи август дар Сингапур) ва Бозиҳои навбатии осиёӣ (моҳи октябр дар Чин) ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG