Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии мушовири аршади сиёсии Тони Блер


Аластер Кемпбел, мушовири аршади сиёсии собиқ нахуствазири Британия Тони Блэр, дар бораи сабабҳои ҳамроҳ шудани Британия ба ҷанги Ироқ дар соли 2003 гузориш дод.

Кемпбел, ҳампаймони наздики Тони Блэр, нахустин мақоми олирутбаи британиявиест, ки дар назди кумитаи мустақил ба саволҳои марбут ба ин тасмими ҳукумати Лондон посух медиҳад.

Вай ба кумита гуфт, ки апрели соли 2002 дар нишасти матбуотӣ дар истироҳатгоҳи раисҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш воқеъ дар Крофорди иёлати Техас Тони Блэр эълом дошт, ки агар режими Бағдод иваз нашавад, имкон дорад, ки алайҳи Ироқ чораҳои низомӣ руидаст гирифта шаванд. Аммо Кемпбел гуфт, ки бовар надорад, ки ин нахустин аломати тағйири решагии сиёсат аз ҷустуҷуи роҳи ҳалли дипломатӣ буд.

Дигар мақомдороне, ки ба кумитаи мазкур гузориш медоданд, ба ин таърих ҳамчун таърихи тағйири сиёсати Британия ишора мекарданд. Ҳамагӣ шаш моҳ баъд аз ин дар моҳи сентябри 2002 ҳукумати Британия маълумоти истихборотиро интишор кард, ки дар он гуфта мешуд, раҳбари вақти Ироқ Саддом Ҳусейн силоҳи куштори ом дорад ва Ироқ метавонад он силоҳро бар муқобили Британия дар зарфи 45 дақиқа истифода барад. Дар асоси ин гузориш ҳукумати Британия ба ҷанги Амрико дар Ироқ ҳамроҳ шуд.

Кемпбел гуфт, Блэр масъулияти таҳияи нашри нусхаи ин гузоришро барои омма бар дӯши вай гузошт. Кемпбел дар бораи мукотибаҳои баъдии Блэр ва Буш чунин нақл кард:

“Нахуствазир ба президент Буш ёддоштҳои хеле зиёд менавишт. Ман метавонам гӯям, ки лаҳни ин ёддоштҳо пархошҷӯёна буданд. Вай навишта буд “Мо хулосаҳо ва нигарониҳои ҳамсон дорем. Мо мисли шумо шубҳа надорем, ки Саддом Ҳусейн бояд аз мақомаш барканор ва Ироқ халъи силоҳ шавад. Агар инро нашавад аз роҳи дипломатӣ ҳал кард, пас ин бояд аз роҳи низомӣ иҷро шавад. Британия дар он ҷо хоҳад буд.”

Кемпбел қаблан рад намуда буд, ки тарҳи гузориши истихборотро ба нафъи раҳбараш шӯрангез карда буд. Дар шаҳодати дирӯзааш вай инро бори дигар такрор кард. Вай танҳо гуфт, ки аз муаллифони гузориш хоҳиш карда буд, хулосаҳоро мухтасар кунанд.

Аъзои кумита ишора намуданд, ки ниҳодҳои истихборотии Британия соли 2002 такрор ба такрор мегуфтанд, ки иттило дар бораи силоҳи куштори ом дар Ироқ нопурра ва ғайриқатъист. Аммо дар гузориши ниҳоӣ омада буд, ки Ироқ бидуни шубҳа соҳиби чунин силоҳ мебошад.

Дар бораи чунин фарқ дар иттило Кембел дирӯз ягон шарҳе надод. Вай гуфт, гузориш сабаби ба ҷанг ҳамроҳ шудани Британия набуд. Ба ақидаи ӯ, ба хотири ин гузориш нигаронии Блэр дар нисбати Ироқ афзуда буд. Бо вуҷуди он ки дар Ироқ силоҳи куштори ом ошкор нашуд, Кемпбел гуфт, дар гузориш воқеъият тамоман таҳриф нашуда буд.
XS
SM
MD
LG