Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар заминларзаи Ҳаитӣ


Бар асари заминларзаи қавии рӯзи сешанбе дар Ҳаитӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, заминларза хонаҳои зиёедро хароб ва мардумро зери овор кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, дафтари посдорони сулҳи Созмони Милал дар шаҳри Порто Принс пойтахти Ҳаитӣ ва кохи раиси ҷумҳури ин кишвар осеб дидаанд. Шабакҳои мухобиротӣ ҳам бар асари заминларза кор намекунанд. Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин фалокат ба мардуми Ҳаитӣ ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида омодаи кӯмак ба Ҳаитӣ мебошад. Ҳаитӣ, ки хонаи нӯҳ миллион нафар аст, дар ҷазираи Испаниола бо Ҷумҳурии Доминикан ҷойгир мебошад.
XS
SM
MD
LG