Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гугл" мегӯяд, эҳтимолан Чинро тарк хоҳад кард


Ширкати азими интернетии "Гугл" эълом кард, ки эҳтимолан фаъолиятҳояш дар Чинро хотима мебахшад, зеро почтаҳои электронии фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишварро ғайриқонунӣ боз кардаанд. "Гугл" рӯзи сешанбе гуфт, вебсайти он “мавриди ҳамлаи ҳадафмандона ва ниҳоят зиракона” қарор гирифтааст, ки харобкорони интернетӣ аз Чин кардаанд. Ба гуфтаи ширкат, “ҳадафи асосии” ҳаккерҳо дастрасӣ ба имейлҳо ва ё почтаҳои электронии фаъолони ҳуқуқи инсони Чин будааст. Ширкати "Гугл" ҳукумати Чинро дар ин амал муттаҳам накардааст, вале мегӯяд, ба хотири ин ҳодиса, дигар майл надорад, дархости ҳукумати Чинро барои филтри вебсайтҳо иҷро кунад. "Гугл" мегӯяд, иҷро накардани ин дархост, метавонад, сабаби хотимаи фаъолиятҳои ширкат дар Чин ва бастани дафтарҳои он дар ин кишвар шавад.
XS
SM
MD
LG