Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳои тоза аз заминларзаи қавии Ҳаитӣ


Заминларзаи қавии бо нерӯи 7 дараҷа рӯзи сешанбе Ҳаитиро такон дод ва гуфта мешавад, фалокати азиме дар онҷо рух додааст. Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико гуфт, ба думболи заминларзаи 7 дараҷаӣ Ҳаитӣ шоҳиди ду такони панҷумин ва тақрибан шаш дараҷаӣ шуд. Мақомоти расмӣ ҳушдор додаанд, ки заминларза метавонад эҳтимолан сабаби сунамӣ дар кишварҳои соҳилии баҳри Кариб, Баҳама, Кубо ва Доминикан бишавад. Бино ба гузоришҳо, теъдоде аз хонаҳо дар шаҳри Порто Принс пойтахти Ҳаитӣ вайрон шуда ва одамон зери овор мондаанд. Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин фалокат ба мардуми Ҳаитӣ ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида омодаи кӯмак ба Ҳаитӣ мебошад. Ҳаитӣ, ки хонаи нӯҳ миллион нафар аст, дар ҷазираи Испаниола бо Ҷумҳурии Доминикан дар ҷойгир мебошад.
XS
SM
MD
LG