Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозпурсии сухангӯи собиқи Тонӣ Блейр


Алайстар Кепмбелл – сухангӯи нахуствазири собиқи Бритониё, дар бозҷӯии ошкор дар иртибот ба ҷанги Ироқ гуфт, ҳукумати Тонӣ Блейр далеле барои узрхоҳӣ надорад, ҳарчанд бо иттилооти ноқис, ҷомеаи Бритониёро мойил ба ҷанг дар Ироқ кардааст. Алайстар Кемпбелл, ки аз соли 1997 то соли моҳи августи соли 2003 сухангӯи Тонӣ Блейр буд, гуфт, бритониёвиҳо, бояд барои маъмурияте, ки кишварашон дар Ироқ анҷом дод, фахр кунанд, на ин ки бахшиш бипурсанд. Аммо вай эътироф намуд, ки тарҳрезони ҷанг дар Амрико ва Бритониё, хушунатҳои мазҳабии баъди суқути Саддом Ҳусайн дар Ироқ ва зуҳури Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои терористӣ дар қаламрави он кишварро дуруст пешбинӣ карда натавонистаанд. Бо ин ҳол ба гуфтаи Алайстар Кемпбелл, ӯ эҳсос мекунад, ки Бритониё бо сарнагун кардани Саддом хидмати бузурге кардааст.
XS
SM
MD
LG