Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи Афғонистон барои ҷангҷӯёни Толиб


Ҳукумати Афғонистон саргарми таҳияе тарҳе будааст, ки бар асоси он ба даҳҳо ҳазор нафар ҷангҷӯёни қатории толиби мойил ба сулҳ, кор, омӯзиш ва дигар имтиёзҳои иқтисодӣ пешниҳод мекунад. Барномаи чандмиллиондолларии ҳукумати Афғонистон барои бозгардонидани бештар аз 35 ҳазор сарбозони қаторӣ ва ва миёнаи Толибон будааст. Аммо теъдоде мегӯянд, шубҳа доранд, ки теъдоди кофии ин ифротгароён ҷангро хотима медиҳанд, зеро онҳо бовар доранд, ки пирӯз мешаванд. Мақомоти расмии Афғонистон гуфтаанд, ки бар асоси тарҳ, аз раҳбарони Толибон хоста шудааст, музокира кунанд ва афроди оддӣ силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. Аммо раҳбарони Толибон гуфтаанд, танҳо ба шарти тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ омодаанд, музокирот кунанд. Барномаи мазкур, дар конфронси байналмилалии рӯзи 28 январ дар шаҳри Ландан баррасӣ мешудааст.
XS
SM
MD
LG