Пайвандҳои дастрасӣ

Гӯшзади Австрия ба ҳукумати Қазоқистон


Майкл Спинделеггер - вазири умури хориҷаи Австрия, мегӯяд, ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз пешрафти он дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар кишвар баҳо хоҳанд дод. Вай гуфт, “ба муваффақияти раёсати Қазоқистон аз он ҷанба баҳо хоҳанд дод, ки то куҷо ба тааҳудоташ дар заминаи ҳуқуқи инсон, демократисозӣ ва ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун пойбанд хоҳад буд. Моҳи декабр раиси Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Қазоқистон қодир ба "раёсати намунавӣ" дар созмони мазкур нахоҳад буд. Қазоқистон аз якуми январи соли равон раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба даст овард. Ин кишвар дар моҳҳои гузашта бинобар ба зиндон андохтани як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон ва иқдомоташ алайҳи рӯзномаҳои мустақил мавриди интиқод қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG