Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи қавӣ Ҳаитиро такон дод


Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико гуфт, заминларзаи қавии бо нерӯи 7,3 дараҷа Ҳаитиро рӯзи сешанбе такон додааст. Мақомоти расмӣ ҳушдор додаанд, ки заминларза метавонад эҳтимолан сабаби сунамӣ дар кишварҳои соҳилии баҳри Кариб, Баҳама, Кубо ва Доминикан бишавад. Ба гуфтаи донишмандон, заминларза пойтахти Ҳаитӣ, Порто Принсро такон додааст. Хабаргузории Ассосиейтед Пресс мегӯяд, бар асари заминларза як бемористон дар ин ҷо фӯру рафтааст.
XS
SM
MD
LG