Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 25 гумонбари терроризм дар Бағдод


Бар асари амалиёти бозҷӯӣ дар чанд маҳаллаи шаҳри Бағдод 25 нафари гумонбар дар терроризм боздошт шуданд. Қосим Ал-Мусавӣ, як корманди воломақоми вазорати дифоъи Ироқ гуфт, ки дар ин амалиёт ҳамчунин садҳо кило маводи мунфаҷира мусодира гардид. Нерӯҳои амниятии Ироқ аз субҳи рӯзи сешанбе, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ, ба бозҷӯӣ дар чанд маҳаллаи шаҳри Бағдод шурӯъ карданд. Алӣ Ал-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, ки “ҳадафи ин чорабинӣ - дифоъи ироқиҳост. Мо мехоҳем ҷустуҷӯи мусаллаҳонро вусъат бубахшем ва аз ҳамватанҳо даъват мекунем, ки бо кормандони хадамоти амниятӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд”.
Мақомот мегӯянд, ки тақвияти чораҳои амниятӣ дар Ироқ бо омодагиҳо ба интихоботи сартосарии парлумонии моҳи марти соли оянда бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG