Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ироқ чораҳои амниятиро тақвият мебахшад


Нерӯҳои амниятии Ироқ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ чанд маҳаллаи шаҳри Бағдодро бозҷӯӣ карданд. Алӣ Ал-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, ки “ҳадафи ин чорабинӣ - дифоъи ироқиҳост. Мо мехоҳем ҷустуҷӯи мусаллаҳонро вусъат бубахшем ва аз ҳамватанҳо даъват мекунем, ки бо кормандони хадамоти амниятӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд”.
Мақомот мегӯянд, ки тақвияти чораҳои амниятӣ дар Ироқ бо омодагиҳо ба интихоботи сартосарии парлумонии моҳи марти соли оянда бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG