Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед иттиҳоми Теҳронро қатъӣ рад кард


Вазорати умури хориҷаи Амрико иттиҳоми Теҳрон дар мавриди дар куштори донишманди маъруф Масъудалӣ Муҳаммадӣ даст доштани Вошингтонро қатъӣ рад кард. Донишманди риштаи физикаи ядроӣ субҳи имрӯз дар канори манзилаш дар маҳаллаи Қайтарияи Теҳрон аз таркиши бомбе, ки дар мотосикл гузошта шуда буд, ба ҳалокат расид. Телевизиони давлатии Эрон изҳороти вазорати хориҷаи кишварро пахш кард, ки тибқи он Масъудалӣ Муҳаммадӣ қурбони сӯиқасди “ҷосусони саҳюнизм ва Амрико” шудааст. Дар дигар хабарҳо гуфта мешавад, ки ин донишманд аз афроди сарсупурдаи низоми исломии Эрон буд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Радиои Фардо, қаблан ному насаби Масъудалӣ Муҳаммадӣ дар феҳристи ҷонибдорони раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ пайдо шуда буд.
XS
SM
MD
LG