Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар ин бора ки баъзе аз маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба ҷиноят “таҳрик” додаанд, баҳси тозаеро миёни ин ду ниҳод ба по кардааст.

Талоши мо барои сӯҳбат бо Фаттоҳ Саидов, раҳбари Оҷонси мубориза бо фасоди молии назди раиси ҷумҳур, дар ин бора натиҷа надод. Аммо як масъули шӯъбаи ҷилавгирӣ аз фасод дар ин ниҳод, дар сӯҳбат ба “Озодӣ”, иддаои тозаи Бобохоновро бепоя хонд ва гуфт, ҳеҷ кадом аз кормандони ҳифзи ҳуқуқро бегуноҳ боздошт накардаанд: “Ҳеҷ вақт бе асоси кофӣ нисбат ба кормандони додситонӣ, шаҳрвандон ва идораҳои дигар дар Тоҷикистон парванда боз нашудааст. Илова ба ин, дар Кодекси мурофиавии ҷумҳурӣ навишта шудааст, ки ҳангоми тафтишот агар гуноҳи нафари боздоштшуда исбот нашавад, парванда қатъ мешавад”.

Бобоҷон Бобохонов, ки дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми январ сӯҳбат мекард, аз афзоиши мизони иртикоби ҷиноят дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонӣ, изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, дар соли 2009 дар баробари беш аз 170 корманди ниҳодҳои интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки 110 корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 27 нафар афсари Вазорати мудофиа, панҷ корманди амниятӣ, се масъули Оҷонси мубориза бо фасод, даҳ додрас ва чор корманди додситонӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Аммо оқои Бобохонов гуфт, мутмаин аст, ки баъзе аз ин ҷиноятҳоро худи кормандони Оҷонси мубориза бо фасодӣ молӣ ташкил кардаанд: “Ду-се ҷинояте, ки дар ҳамин қатор ба қайд гирифта шудааст, “провокатсиони”-янд. Провокатсия на натанҳо дар ҳаққи кормандони додситонӣ, балки провокатсия дар ҳаққи додрасҳо ва милисаҳо низ. Барои чӣ инро мегӯям? Вақте ки дузду одамкуш ҷиноят мекунад, на ин ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки шаҳрвандон ҳам вазифадоранд, ки онҳоро ба органҳо таслим кунанд. Вале кормандони оҷонсии мубориза бо коррупсия дуздро бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ мефиристанд”.

Додситони кулли Тоҷикистон дар ин бора аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон рух додааст. Ҳодисае, ки ба гуфтаи ӯ, намояндагони оҷонсӣ талош кардаанд, бо дасти нафароне, ки ба дуздӣ муттаҳам мешаванд, ёвари додситонӣ дар ин ноҳияро боздошт кунанд: “Панҷ нафар барои дуздӣ муттаҳам мешуданд. Се нафари онҳо дар зиндон ба мӯҳлати сесолӣ шишта ва тибқи авф раҳо шуданд. Аммо ду нафари дигари онҳо дар давоми ду-се соли ахир дар ҷустуҷӯ буданд. Корманди мубориза бо коррупсия ин дуздро ёфта, ба ӯ пул медиҳад ва мегӯяд, пулро бурда, ба ёвари додситонӣ диҳад - озод. Дар ҳоле ки ӯ вазифадор буд, дуздро қапида, ба милиса супорад”.

Ин барои аввалин бор нест, ки Бобоҷон Бобохонов ба унвони додситони кулл аз ниҳоди мубориза бо фасоди молӣ интиқод мекунад. Қабл аз ин ҳам дар нишастҳои хабарияш чунин интиқодҳо аз забони ӯ садо додаанд. Вале аксар соҳибназарон ин танқидҳои мукаррари ӯро ба робитаи шахсии раҳбарони ин ду ниҳоди давлатӣ – Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода, раҳбари собиқи оҷонсӣ бастагӣ медоданд. Вале бо рафтани оқои Салимзода аз симмати раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ ҳанӯз ин мушкил вуҷуд дорад.

Раҷаби Мирзо, аз таҳлилгарони тоҷик, ба ин масъала аз ду паҳлу нигоҳ меандозад: “Аввалаш заминаҳои ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла нақшабандии сохторҳо. Дуввум, бархӯрди дохилии ҳамин ниҳодҳо, ки яке салоҳияти дигареро кам ё зиёд мекунад”.

Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, баъди азҳомпошии Шӯравӣ низоми ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон боқӣ намондааст. Ва ба назари онҳо, ҳар як аз ин ниҳод бо дарназардошти манофеъ ва бақои ҷойгоҳи худ коре мекунанд, ки нофаҳмиҳоеро дар мисоли оҷонси мубориза бо фасод ва додситонии кул дар пай доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG