Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон ва Маскав музокиротро аз сар мегиранд


Музокироти ҳайатҳои воломақоми ИМА ва Русия оид ба созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ дар нимаи дуввуми моҳи январ баргузор мешавад. Дар ин бора ахиран вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар дод.
Созиш дар бораи идомаи музокирот оид ба таҳияи созиши нав охири соли гузашта дар мулоқоти сарони ИМА ва Русия дар шаҳри Копенҳаген ҳосил шуда буд. Айни ҳол, ба гуфтаи Сергей Лавров, мутахассисону коршиносони ду кишвар ин санадро тафтиш мекунанд то миёни матнҳои русиву инглисӣ фарқе боқӣ намонад.
Мӯҳлати амали созиши пешини байни ИМА ва Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ 5 декабри соли гузашта хатм шуда буд.
XS
SM
MD
LG