Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии санҷишии «Вахш» - «Регар» - 13-уми январ


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик бо тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода 13-уми январ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозии контролӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа пеш аз сафари мо ба шаҳри Маскав рӯзи чоршанбе, соати 14 шурӯъ мешавад. Мо, раҳбарону мураббиён ва футболбозони ҳарду даста, тасмим гирифтем, ки маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омадаро ба суратҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» мегузаронем. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи «Вахш» ба ғайр аз футболбозони худӣ, ки порсол ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуданд, инчунин, бозигарони даъватшуда - Юсуф Рабиев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Соҳиб Сувонқулов ( аз тими «Истиқлол»-и Душанбе), Асадулло Нуруллоев ва Руслан Таваккалов (аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), дарвозабон Алишер Тӯйчиев (аз дастаи «Металлург»-и Бекободи Узбакистон) ва ду футболбози африқоӣ - Даниэл Таго ва Дэвид Тетте, аз кишвари Гана, ки порсол узви дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон буданд, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард».

Ба гуфтаи Исроил Шарифов дастаи «Вахш» 14-уми январ барои ширкат дар ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик ба шаҳри Маскави Русия сафар хоҳад кард.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи «В» дар толори варзишии «Динамо» 16-уми январ бо дастаи «Боку»-и Озарбойҷон, 17-уми январ бо тими «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва 19-уми январ бо ХИК-и Финландия барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ талош мекунад.
XS
SM
MD
LG