Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳанӯз сардиҳои зимистон паси сар нашуда, тарроҳони вилояти Суғд дар фикри инанд, ки чӣ тавр баҳору тобистони имсол рӯҳияи дӯстдорони мӯдро болида сохту, кадом навъи куртаву доманҳои зеборо барояшон пешниҳод кард.

Маркази фарҳангу маьрифатии Суғд бо ин ҳадаф барои тарроҳони ҷавони либос як озмуне эълон кардааст, ки бояд дар он мӯди нави либосҳои рӯзмарра, тантанавӣ ё ҷашнӣ ва либоси хосса, ки аз рӯи тахайюли модерлерҳо эҷод шуда бошад, пешниҳод шавад. Насиба Тоҷибоева, ҳамохангсозони ин озмун дар Маркази фарҳангу маьрифати Суғд аст. Ӯ мегӯяд, дар навбати аввал ширкатдорони озмун бояд дидгоҳҳои худро бо моделҳои ҷолиб дар шакли намуна ё эскиз то охири моҳи январ ба озмун бирасонанд. Ин тарҳҳо ҳама дар даври аввали озмун ширкат хоҳанд кард.

Хонум Насиба гуфт, аз ин озмун умедҳои зиёд дорад ва пеш аз ҳама орзу дорад, ки дар ниҳоят тарроҳони боистеъдод тавонанд ҷои кори худро дар бозори дохилии мӯд пайдо бикунанд ва маҳсули эҷоди худро ба мояи даромади худ табдил диҳанд. Феълан, мегӯяд Насиба Тоҷибоева, ба далели набуди маблағи кофӣ барои амалисозии идеяҳои худ аксар ҳунарварони тоҷик, ба вижа занону донишҷӯдухтарон маҷбур мешаванд, ки дар берун аз кишвар бо корҳои мавсимиву ғайриҳирфаӣ аз паи ризқу рӯзӣ шаванд. Бо ин сабаб, аксари онҳо аз ҳунару истеъдоди тарроҳии мӯд дур мешаванду, шароити сайқал додани ҳунару донишҳои худро аз даст медиҳанд.

Мадина Шокирова донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ ҳоло дар паи таҳияи навъҳои нави либоси суннатӣ аст. Ӯ, ки тавонистааст дар ин шароити начандон осон тавассути моли бозоргир – яъне навсозии либоси миллӣ молашро хушхарид гардонад, мегӯяд, аз ширкат дар озмун хеле розӣ аст. Баргузории ин гуна озмунҳо, мегӯяд вай, барои ӯву чанд ҳамсабақи дигараш, ки пешаи тарроҳиро интихоб кардаанд, имконият медиҳад, ки бештар боз шаванд, истеъдодҳои нуҳуфтаи худро кашф карда, бо олами тахайюли худ дар рӯи матоъ ва ороишот бозӣ кунанд. Мадина бисёр орзу дорад, ки пас аз хатми таҳсил як ҳунаристони мӯди худро бунёд кунад.

Баъзе коршиносони соҳа ба тағйироте дар мӯди либоси миллӣ бо назари интиқодӣ нигоҳ мекунанд. Назира Бобоҷонова, мӯдшинос ва раҳбари кафедраи тарҳрезии либоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аст. Вай мегӯяд, бо дигар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар мӯди миллӣ ҳам он мақому манзалатеро, ки дошт, аз даст додааст. Ба гуфтаи ӯ, таърихи мӯди тоҷикӣ ҳокист, ки давраи рушду нумӯи мӯди миллӣ ба қарнҳои 15-17 рост меояд. Он замон дар таърихи либоси миллӣ чун давраи ташаккулёбии навъҳои хеле зебову то имрӯз актуалии куртаҳои матоъаш атлас барои занон ва ҷомаҳо барои мардон нақш бастааст.

Аммо, ҳоло, бахусус баъди истиқлол, бисёр аз дастовардҳои хуби он замон гӯё комилан фаромӯш шуда, мӯди миллӣ мисли вазъи иқтисодиву сиёсии кишвар ҳам ба ҳар тараф мекалавад: каме аз либоси арабӣ, каме аз намунаи либосҳои туркманӣ, қисме аз эронӣ ва аврупоиро дар худ махлут кардааст.

Вале на ҳама тарроҳон имрӯз бо андешаҳои устоди мӯд розӣ шуда метавонанд. Яке аз ширкатдорони ҷавони озмуни тарроҳон дар Суғд гуфт, дар солҳои баъди истиқлол баръакс мӯди либоси миллӣ таҳаввулоти хеле зиёдеро таҷриба кард ва бо боз шудани марзҳои ҷуғрофиву маънавӣ куртаву поҷомаҳои миллӣ аз шакли шахшудаи якрангу якдӯхт бо навъҳои ранг ба ранг арзи ҳастӣ карданд. Ба қавли ин мусоҳибамон, маҳз ба хотири ҷоришавии мӯди наву рангобаранг ва воридшавии ҳарчӣ бештари матоъҳои мухталифи зебо аз хориҷа майли наслҳои ҷавон ба пӯшидани либоси миллӣ дубора бештар шуд.

Вале он чи ки ҳама ширкатдорони озмуни тарроҳони ҷавони либос дар он иттифоқи назар доранд, ин аст, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои рушду такомули мӯди миллӣ кӯмаки зиёд мекунад.

Озмуни тарроҳони либоси мавсимӣ баҳору тобистони соли 2010 бо кӯмаки молии дафтари Швейсария оид ба ҳамкорӣ дар Маркази фарҳангу маьрифатии Суғд баргузор мешавад. Шарти муҳими озмун - инъикоси ғайриоддии унсурҳои миллии матоъ ва ороишот ва тарҳ гуфта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG