Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як шабонарӯзи ахир шаш сарбози нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон кушта шуданд.

НАТО мегӯяд, се нафар аз ин кушташудагон амрикоӣ, як нафарашон бритониӣ ва якеи дигар фаронсавӣ мебошанд. Аз ҳувияти миллии мақтули шашум хабар дода намешавад.

Ин шаш нафари кушташуда дар задухӯрдҳои мухталиф ҷони худро аз даст додаанд. Амрикоиҳо дар ҷануби Афғонистон, бритониёӣ дар Ҳилманд, дар шимол ва фаронсавӣ дар водии Алассай.

Дар ду ҳафтаи нахустини соли нав шумори талафоти нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон аллакай ба 15 нафар расидааст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки соли 2010 дар тамоми таърихи ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон сар аз 2001 хунинтарин хоҳад буд. Яке аз асосҳо барои чунин фарзу гумонҳо тағйири тактиака аз ҷониби мусаллаҳони толиб ва истифодаи онҳо аз маводи таркандаи шадидтар будааст.

Боз ин ки агар қаблан ҳамла ба нерӯҳои байнулмилалӣ маъмулан дар манотиқи ҷануб ва шарқ рух медод, феълан, задухӯрдҳо ҳатто дар минтақаҳои маъмулан сокит ва собити шимолу ғарб низ ба вуқӯъ мепайванданд.
XS
SM
MD
LG