Пайвандҳои дастрасӣ

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми январ, гуфт, бознигарии қарори Додгоҳи олӣ дар бораи экстремистӣ будани фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар кишвар ғайримумкин аст.

Зеро, ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ин ҷамоат дар аксар кишварҳое, ки онҳо ҳузур ва фаъолият доранд, экстремистӣ эътироф шудааст: “Инҳо ҳамчун созмони экстремистӣ эълон шудаанд. Мо низ инҳоро ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ ба додгоҳ пешниҳод кардем ва додгоҳ ин масъаларо таъйид кард. Қарори додгоҳ то ҳол бекор нашудааст ва ин гурӯҳ ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ эътироф шудаасту, боқӣ мемонад”.

Ҳанӯз дар соли 2006 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархост ва пешниҳоди Додситонии кулл гурӯҳи “Ҷамоати Таблиғ”-ро ҳамчун созмони ифротгаро шинохта, дар феҳристи созмонҳои мамнӯъ ва террористиву экстремистӣ ҷой додааст.

Чанде пештар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон ва ҳоло узви Маҷлиси Миллӣ, аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хоста буд, то аз пайравони “Ҷамоати Таблиғ” ҳимоят кунанд. Вай гуфт, ҳизби наҳзат ба унвони як ҳизби сиёсии исломӣ метавонад бо мақомот ин мавзӯъро дар миён гузошта ва ба мушкили пайравони “Ҷамоати Таблиғ”, ки ба гуфтаи ӯ, бо сиёсат ва экстремизм кор надоранд, расидагӣ кунад.

Дар ҷавоб Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, вай дар як нома аз мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ хостааст, то ин қарор бознигарӣ шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, номи “Ҷамоати Таблиғ” иштибоҳан ба феҳристи созмонҳои мамнӯъ ва экстремистӣ дар Тоҷикистон ворид шудааст.

“Ҷамоати Таблиғ”, ки дар Тоҷикистон ба унвони созмони динӣ сабтином нашудааст, дар панҷ соли пеш пайравони он дар кишвар ҳузур пайдо карданд. Баъзе аз пайравони ин ҷамоат мегӯянд, ки онҳо аксари вақти худро дар масоҷид гузаронида, ҳар ҳафта амири худро интихоб ва ба маҳалҳо мерафтанд ва мардумро барои хондани намозу доштани рӯза даъват мекарданд.

Дар соли 2009 мақомоти интизомии кишвар, ба далели ин ки ин гурӯҳ шомили феҳристи созмонҳои мамнӯъ аст, пайравони онро дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон боздошт карданд. Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мегӯяд, аз рӯйи фаъолияти бештар аз сад нафар пайравони ин гурӯҳ дар соли гузашта парванда боз кардааст. Ҳоло баррасии парвандаи ду гурӯҳи бузурги таблиғиҳо дар боздоштгоҳи рақами 1 ва додгоҳи Қӯрғонтеппа идома дорад. Тобистони имсол, Додгоҳи олӣ бо ҳукми худ панҷ узви фаъоли ин гурӯҳро аз се то шашсолӣ ба зиндон фиристод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG