Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намедонам, ба дигарон чӣ хел, лекин ба ман ҳамин иқтисоди бозоргонии зормонда маъқул. Ман ҳозир сабабашро ба шумо мефаҳмонам. Барои он, ки ин иқтисод нисфи умри беҳударафтаи мардумро ба соҳибонашон баргардонд.

Пештар, бештари вақти мо дар куҷо мегузашт? Ҳо бале, дар навбат! Дар ҳама ҷо ва ба ҳама чиз навбат! Дар навбати хона меистодию расо даҳ рўз пеш аз мурданат ба ту хабар медоданд, ки «Навбати ту дар давоми панҷ соли гузашта аз 1000-ум ба 999-ум расидааст ва агар интизор шавӣ, дар охири панҷсолаи оянда боз наздиктар мешавад. Маҷбур будӣ интизор шавӣ. Ҳамин, ки навбати мошинхариат мерасид, тамоми хешу таборат худашонро гадо эълон мекарданд, ки мабодо фалонӣ пулпурсӣ наояд, вале дар охири сўҳбат илова мекарданд, ки «Агар пул наёбӣ, навбататро бегона накун, мошинро ман мехарам»...

Навбат барои гўшту қанд, гилему қолин, телефону сони сафед (барои рўзи «мабодо!»). Тамоми кафи дасту пушти паспортат пур аз рақами навбат буд. Аз навбати дандонкан то гўрков.

Навбат барои савор шудан ба нақлиёти мусофиркаш, барои боғчаи бачагон. Бисёр вақт кўдаки дар навбати боғча истода, кўдаки худашро ба боғча бурда мепурсид, ки навбаташ наздик омадааст ё не?..

Барои раҳматии бибиат ба қабристон, барои гўрковӣ мерафтию дар он ҷо ба ту коғазчаеро медоданд, ки: «Кумитаи қабристон дар охири панҷсола барои кампир ҷой ҷудо мекунад». Интизор шавад.

Ҳозир чӣ? Даҳ хона харидан мехоҳӣ? Хар! Як автобаза мошин? Марҳамат! Боғча? Бо тамоми авлодат биёю зиндагӣ кун. Фақат, хўрокатро ҳамроҳат биёр. Касалхона? - Метавони як поликлиникаро гирӣ. Лекин овардани докаю дору, кўрпаю болишт ва таҳпўшу болопўшатро фаромўш накун. Барои мурдан, умуман ба навбат истодан лозим нест. Аз хона бароӣ, шуд! Як тараққаст мешавад,- гумон мекунӣ, ки хлопушка буд,баьд мебинӣ, ки мурда мондӣ. Гилем? Марҳамат – аз Дубай. Қолин? Гир! - аз Машҳад! Чою шакар, бо линчааш. Шир? - Сатилатро биёр. Набиёрӣ, худаш мебиёрад. Рост ба таги дарат меояду «Ширда биё!...

Яъне, душвории навбат аз байн рафтааст. Дефитсит нест. Касе ба ту «Аз дари қафо биё!» намегўяд. Ҳама чиз ҳаст. Дар бозор.

Душворӣ дар дигар ҷост: барои харидани он маводе, ки номбар кардем, пулро аз куҷо ёбем?.. Рўзи маошдиҳӣ ба пули гирифтаат менигарию, фикр мекунӣ: «Агар бо ин пул нос харам, бояд аз баҳри автобуссаворӣ бароям. Агар ба автобус савор шавам, бояд ки нон нахӯрам.»

Пул ба як шакли фоҷиавӣ намерасад. Кам. Гўё, аз киссаамон мегурезад. Дар корхона буд, то хона меоӣ, ки нест... Медонед, чаро ин тавр? Чунки акнун барои ёфтани пул, ба ғайр аз дасту пой боз майна ҳам бояд кор кунад. Аммо вай, яъне майна, кор кардан намехоҳад. Ба бекорӣ одат кардааст. Майна тамоми душвориро ба дасту пой бор кардаасту, худаш бароҳат хоб аст.

Пештар чӣ хел буд? Аз кор ба хона медавидӣ. Сари роҳ бо он 70 ё 100 суми маошат ду-се халта орд, шакар, чой мехаридию ба хона мебурдӣ. Дигар ба касе ва чизе кор надоштӣ. Нон ҳаст, қандчой ҳаст, маскаи 70-тина ҳаст. барои ин кори дупула майнаро бедор кардан чӣ лозим? Майна баҳузур хоб мекард.

Ҳозир, акнун навбат нест, ҳама чиз ҳаст, фақат пул нест. Пул нест, чунки майнаи зуъм кор кардан намехоҳад. Карахт шудагӣ! Акнун фаҳмидед, чаро он замонро «Давраи карахтӣ» меномиданд? Чунки давлат не, майнаҳо аз ҳамон замон карахт шуда мондагӣ. Ё тамоман кор намекунанд, ё муваққатан яктарафа кор мекунанд. Барои як рўз. Ё ғайрат кунанд барои ду рўз. Аз он зиёдтар қудраташон намерасад.

Дар ҳавлии биное, ки ман зиндагӣ мекунам, ҳар саҳар ширбозор мешавад. Аниқтараш, аҷинабозори шир. Яъне, ба ҳавлии мо бо автобусҳои мотори трактор доштагӣ аз ноҳияҳо шир меоранд. Он аҷинаҳое, ки... маъзарат мехоҳам, ширфурўшоне, ки баъд дар зери тирезаи шумо «ширда биё!» гўён дод мезананд, онро на аз гови худашон, балки аз автобусҳои аҷинабозор меҷўшанд... яъне, мехаранд. Аҷоибии кор дар он аст, ки бештари онҳо ширашонро бо ҳамон нархе, ки хариданд, бо ҳамон нарх мефурўшанд. Яъне, агар чор танга гиранд, чор танга мефурўшанд, панҷ танга гиранд, панҷ танга...

Ман аввал ҳайрон мешудам. Чаро ин тавр? Шояд онҳо ба мардум некӣ кардан хоҳанд?..

Баъдтар фаҳмидам. Аз пушти ҳавлии мо як наҳри об мегузарад, ки сарчашмааш кўли оббозии байни боғ аст. Дарунаш доим пури оббозҳою қаиқҳо. Ҳатто як самолёт ҳам дошт. Лекин онро баъдтар бурданд. Ба касе лозим шудагист. Алюминий... Мардуми аҷинабозори шир аз ҳамин наҳр истифода мебаранд. Ба як кўза шир - як кўза об. Нархи шир пештара барин мемонад, лекин кўзаҳо акнун дуто! Ин тағийроти аҷоиб ба халтаҳои дўғу чакка низ дахл доранд.

Афсўс, агар майнаҳоямон як дамакак аз хоб бедор мешуд, давоми ин аҷоиботро худаш медид. Медид, ки чӣ тавр он шахси ба шир, об ҳамроҳ карда, бо сари баланду димоғи чоқ (охир вай боварӣ дорад, ки тамоми одамро фиреб додааст) ба бозор меояд, ва бо он пули аз об кор кардааш, орде мехарад, ки нисфаш оҳак аст. Ё шакаре, ки бо хокаи ҷомашўӣ ва намак омехта шудааст. Ё чое, ки нисфаш алаф аст. Ё равғане, ки бо алиф аҳди хешутаборӣ дорад. Ё носе, ки аз барги чинор аст, ё арақе, ки аз атсетон иборат аст...

Ин чист? «Аз мост, ки бар мост»?

Ҳиндуҳои Австралияи дур аз қадимулайём яроқе доранд, ки ҳангоми шикор истифода мебаранд. Бумеранг. Бумеранг як асбобест, ки то андозае ба доси тоҷикӣ шабоҳат дорад. Фақат бедаста. Ҳиндуҳо ҳамин, ки ҳадафи шикорашонро диданд, бумерангро ба сўи он ҳаво медиҳанд. Ба расидану нарасиданаш ман кор надорам. Ин, аз афташ, ба мергании ҳамон ҳамон ҳинду вобаста аст. Вале бумеранг баъди партофтан як ҳаворо чарх мезанаду, боз ба назди соҳибаш парида меояд ва агар соҳибаш андаке телбагӣ зоҳир намояд, вай ўро зада ярадор мекунад ё ҳатто мекушад...

Майнаи карахти мо, имрўз айнан ҳамон бумеранг барин кор мекунад. Яъне, мо он ҳама шир-об, оҳак-орд, алаф-чой, шакар-қум ва алиф-равғанро аз бозор харида, ба хона мебарем ва ҳамроҳи аҳли оилаю хонаводаамон истеъмол мекунем. Ҳар рўз. Мунтазам. Охир, нахӯрӣ - мемурӣ.

Мо ҳама, ҳам истеъмолкунандаю ҳам фурўшанда сокини як шаҳр ҳастем. Ҷумҳуриамон ҳам чандон калону нопайдоканор нест... Акнун тасаввур кунед, ки чанде мегузараду, фарзанди мо келин ё домоди ҳамон ширфурўшу ордфурўш ё ягон чоплўси ба шакар намак ҳамроҳ мекардагӣ мешавад. Оё тамоми пули бо ин роҳ захира кардамон барои харидани доруворӣ ва касалибонию касалибинӣ сарф намешавад? Ҳоло фикр кунед, ки он доруҳо аз кадом аср мондаю бо чиҳо омехта карда шудаанд... Бештар вақт ғами кафану тобутро хўрдан лозим меояд. Аз он фарзандони мо, ки он ҳама лашу лушро истеъмол кардаанд, чӣ фарзанде мерўяд? Девона? Маъюб? Бангӣ ё каҷала? Ё умуман худи ҳамон фарзанд таваллуд мешавад ё не?

Ширфурўшу чойфурўш қисмати қавмеро ҳал мекунанд. Шакарфурўш ё ордфурўше ба решаи инсоният теша мезанад. Бумеранг! Ҳадафи шикорамон - пулро дида, онро ҳаво медиҳему, фикр намекунем, ки он баргашта ба худамон мезанад. «Аз мост, ки бар мост!»

Қонуни якумрии савдо, ба фикри ман, чунин аст: агар худат надошта бошӣ, арзонтар гир, аз хасу хошок, гарду чанг тоза кун ва ба бозор бароварда қимматар фурўш. Ва касе ба ту халал намерасонад. На ҳамсоя, на виҷдонат.

Вале майнаи карахтшудаи мо, ки танҳо як гўшаи барои хурокхурӣ сохтааш кор мекунад, ана ҳамин ду карат дуро фаҳмидан намехоҳад. Ба вай ҳозир даркор. Ҳамин соат. Пагоҳ дер мешавад. Саҳар мумкин касе аз ту барвақтар аз хоб хеста, нағмаи наве ёбад ва бозори ту касод шавад. Бинобар ин, ҳозир фурўхтан лозим. Ҳамин рўз. Ҳоло, ки ақли мардум надаромадааст. «Гўр сўзаду деги қаландар ҷушад». Ана, шиори бузурги бозори имрўза! Ва имрўз аз он ҷои гурез нест...

Медонед, чаро аксари мардуми мо чун оилаи серфарзанд, равғану биринҷи ёрии башардўстона мегиранду, вале дар асл мо ҳеҷ аз як қишлоқ зиёд намешавем? Чаро? Дигарон сари ду оила як кўдакӣ доранду, нисфи ҷаҳонро гирифтаанд. Сабабашро медонед? Як сабабаш ҳамин, ки: «Ширда биё, бача, то баргаштани бумеранг, ширда биё!.. Саломат бошед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG