Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи рӯзгори кӯдакони тоҷик барои СММ


Барои дуввумин бор Тоҷикистон ба Созмони милали муттаҳид оид ба вазъи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар ҳисобот ироа мекунад. Гузориши Тоҷикистонро дар ҷаласаи 53 – юми Кумитаи СММ дар рӯзҳои 18 ва 19-уми январ муовини сарвазир Руқия Қурбонова, вазири молия ва чанде аз дигар масъулин муаррифӣ хоҳанд кард.

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар, ки низ ба ин ҳайат шомил аст, мегӯяд, гузориши мазкур аз вазъи риояи Эъломияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон иттилоъ дода, мавзӯъҳои муҳиму доғи ҳаёти атфоли кишварро баррасӣ мекунад.

Фарҳод Раҳимов: “Дар гузориш ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, истифодаи кӯдакон дар тамоми корҳо, масъалаи ба кор ҷалбкунӣ, масъалаи бо ҷои кор таъминкунӣ, оё кӯдакон ба корҳои иҷборӣ даъват карда мешаванд ё на ва дигар ҳама он мавзӯъ ва санадҳое, ки ҳуқуқи кӯдакро ҳимоя мекунанд, баррасӣ мешавад. ”

Кӯдакон аз чӣ мемиранд?

Бар асоси арзёбии ин гузориш, вазъи ҳуқуқи атфол ва шароити онҳо дар Тоҷикистон ба фарқ аз 3 - 4 соли беш рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Вале, мегӯяд Зӯҳро Муҳаммадҷонова, узви комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва яке аз муаллифони гузориши вазъи атфол, дар ин самт боз ҳам мушкилоти фаровоне мавҷуд аст, ки дар гузориш таъкид шудааст. Ба қавли ӯ, бахши аслии он ба вазъи сиҳҳатии атфол бахшида шудааст - мавзӯъи маргу мири кӯдакон, норасоии витаминҳо ва оҳан дар ҷисми модару кӯдакон, маълулӣ ва вируси норасои масъунияти бадан аз мушкилоти доғ дар ин самт будааст. Зимнан, бар асоси омори ЮНИСЕФ, мизони маргу мири кӯдакони то 5-сола дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои минтақа то ба ҳол дар сатҳи баланд қарор дорад.

Зӯҳро Муҳаммадҷонова: “Аксаран, кӯдакони навзод аз бемориҳои роҳҳои нафас, амрози сироятӣ ва ҳодисаҳои тасодуфӣ мефавтанд. Нуктаи муҳим - ин муайянсозии саривақти бемории атфол аст, ки ҳоло як мушкили аслӣ ҳам ба ҳисоб меравад. Мо имрӯз саривақт маълулӣ ва ё бемориҳои дигари навзодро муайян намекунем. Аксаран, вақте бемории кӯдак кӯҳна мешавад, баъд мо огоҳ ва аз пайи табобат мешавем. Барои мисол, ҳамин маълулӣ ҳоло дар кӯдакон дар 3 соли аввал маълум карда мешавад, ки ин ҳам дер аст, онро мешавад дар рӯзҳои аввали ба дунё омадани навзод мушаххас кард, вале ин кор ҳоло карда намешавад. Зеро, аввал ин ки мутахассис надорем ва дуввум ин ки кӯдакро дар шароити хона ва бо тибби мардумӣ табобат мекунем, ки ин ғолибан кӯдакро барои як умр маълул месозад. ”

Қафас дар маҳбас барои тифли маълул

Як мушкили дигаре, ки дар матлаб оид ба вазъи ҳуқуқи кӯдакон ишора шудааст - дар шароити пӯшида ва дур аз ҷомеаву ҳамсолон ба воя расидани кӯдакони ноқис ва ё маълул мебошад, ки монеъи чун як инсони комил рушд ёфтани онҳо мегардад. Тибқи омори расмӣ, беш аз 70 дарсади афроди маълул дар Тоҷикистон кӯдакону занонанд. Бобоҷони 10-сола ҳам яке аз онҳост. Бобоҷон мегӯяд, маъюбӣ на танҳо боиси аз мактаб дур мондани ӯ, балки ҳатто монеъи ба берун баромадану ҳамроҳи ҳамсолонаш шӯхиву бозӣ кардан шудааст:

Бобоҷони 10-сола: “Бачаҳо дар берун мегӯянд, пойҳоят каҷанд, оҳиста медавӣ ва механданду бо ман бозӣ намекунанд. Барои ҳамин, очам ҳам бисёр вақт маро берун намемонад ва дар хона мешинам. Ман мехоҳам, ки бачаҳои дигар бо ман ҳам мисли дигар кӯдакон бозӣ ва дӯстӣ кунанд.”

Зӯҳро Муҳаммадҷонова, яке аз муаллифони гузориш оид ба ҳуқуқи кӯдакон, мегӯяд, бо ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни волидон ва мактабҳои рӯзона, онҳо кӯшиш доранд то чунин кӯдаконро низ вориди ҷомеа созанд.

“Кӯдакиям бо аробакашиҳо гузашт...”

Ба қавли ӯ, ҷалби кӯдакон ба кори сангин ва атфоли хиёбонӣ ҳам дар гузориш оид ба ҳуқуқи кӯдак таъкид шудаву, таҳти назорати комиссияи вижа қарор дорад. Хонум Муҳаммадҷонова мегӯяд, онҳо кӯшиш хоҳанд кард, то волидайн масъулият эҳсос кунанд. Ба таъиди ӯ, кӯдак метавонад аз синни 16 дар баробари таҳсили худ ба корҳои сабук машғул шавад, аммо, мегӯяд ӯ, феълан, кӯдакон 10-12 сола ба корҳои мухталиф машғул мешаванд.

Аксари кӯдаконе, ки дар бозору хиёбонҳои кишвар ба корҳои сангин машғуланд, мегӯянд, шароити зиндагӣ онҳоро вориди бозори кор кардааст ва барои таъмини оилаи бузургашон маҷбуранд дафтару қаламро ба ароба ё кори дигаре иваз кунанд. Мисли Манучеҳр як мусоҳиби мо, ки дар бозори Саховат ба аробакашӣ машғул аст.

Манучеҳр: “Аробаам тақрибан 30 кило ҳаст. Дар як рӯз тақрибан 100 - 200 кило бор мекашем. Вазнин аст,в але корк ардан даркор. Дар як рӯз баъзан то 30-40 сомонӣ кор мекунем. Барои хона сарф мекунам.”

Бозичаи дасти ҷинояткорон

Дар гузориш оид ба ҳуқуқи кӯдакони Тоҷикистон оварда шудааст, баъзан ҳамин гурӯҳи кӯдакони коргару хиёбонии дур аз тадрис аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода мешаванд.

Зӯҳро Муҳаммадҷонова: “Яъне, калонсолон ин кӯдаконро маҷбур мекунанд, то талбандагӣ, дуздӣ кунанд ва ё ба корҳои мухталифе мисли аробакашиву саланфурӯшӣ ҷалб мешаванд, ва бо ин роҳ бо меҳнати кӯдакон онҳо барои худ маблағ кор мекунанд. Мо низ дар ҳамин маврид кор мебарем, то кӯдакони мо ба чунин гурӯҳҳо ҷалб нашаванд. Вале ин раванди мушкил аст ва ҳалли он вақти зиёдро талаб мекунад. ”

Зӯҳро Муҳаммадҷонова мегӯяд, дар гузориш оид ба ҳуқуқи кӯдак, вазъи кӯдакони дар низоъ бо қонун ҳам зикр шудаааст. Ба қавли ӯ, кӯдакон бо судури ҷиноятҳои сабук аксаран муҷозоти вазнин мешаванд. Бинобар ин, бо ислоҳи кодекси ҷиноӣ кӯдакони душвортарбия на дар муассисаҳои ислоҳотӣ, балки дар макотиби вижа бояд бештар ба тарбия фаро гирифта шаванд.
XS
SM
MD
LG