Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Амрико барои бознигарии ҳукми Шайх Исо


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хостааст, то ҳукми додгоҳи кишварро, ки як узви хонаводаи салтанатии иморотро бегуноҳ донист, бознигарӣ кунад. Додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Шайх Исо бин Зайид Ал-Наҳёнро, ки ба азияту шиканҷа ва таҷовузи Муҳаммад Шопур як тоҷири афғон муттаҳам мешуд, бегуноҳ эълом карда, шаш ҳамроҳи дигари ӯро гунаҳкор донист. Додраси додгоҳ гуфт, Шайх Иссо бегуноҳ аст, зеро дар вазъи “коҳиши масъулият” будааст. Дар як навори видеоӣ соли 2004 дида мешавад, ки чӣ гуна узви хонаводаи амири Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тоҷири афғонро бо бераҳмии хосе азият мекунад. Вакилони дифоъи Шайх Исо гуфтаанд, ки ӯро шарикони тоҷираш дору дода ва ба хотири беобрӯ карданаш, наворбардорӣ намудаанд. Филип Кровлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико,гуфт, суолҳо доир ба ин қазия ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст ва аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ яке аз шарикони наздики Амрико хост, то онро бознигарӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG