Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои ODIHR барои назорати интихоботи Тоҷикистон


Ҳайъати коршиносони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ин созмон тавсия додаанд, то интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат кунад. Ин коршиносон, ки барои арзёбии шароити пеш аз интихоботӣ моҳи ноябри соли гузашта аз Тоҷикистон дидан карданд, тавсия додаанд, то нозирон мушоҳида кунанд, ки интихоботи 27 – уми феврал дар Тоҷикистон бо куҷо бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Ин гурӯҳи коршиносон хостааст, то 20 нозир барои дарозмуддат ва 150 нозири интихоботӣ барои назорати рӯзи интихобот ба Тоҷикистон сафарбар карда шаванд. Бар асоси арзёбиҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашудааст.
XS
SM
MD
LG