Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонҳо аз ояндаи ваташанон хушбин будаанд


Бино ба натиҷаҳои як назархоҳӣ, аксарияти афғонҳо дар муқоиса ба соли гузашта ба ояндаи кишвари худ бо хушбинии бештар менигаранд. Дар ин назархоҳии расонаҳои байналмилалӣ, аз миёни 1500 нафари назардодагон 70 дар сади онҳо гуфтаанд, ки Афғонистон ба самти дуруст ҳаракат мекунад. Ин рақам назар ба натиҷаҳои назархоҳии шабеҳи соли гузашта 40 дар сад бештар аст. Сарфи назар аз тақаллуби густурдаи интихоботи раёсати ҷумҳури тирамоҳи соли гузашта, аз миёни ҳар чаҳор афғон, се нафари онҳо гуфтаанд, ки аз натиҷаҳои интихобот қаноатманданд. Ҳамин теъдод гуфтаанд, ки бовар доранд, Ҳомиди Карзай, амният ва вазъи иқтисодӣ дар Афғонистонро беҳбуд хоҳад бахшид. Айни замон 95 дар сади афғонҳо гуфтаанд, ки фасод ҳамчунон як мушкили умда дар кишварашон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG