Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мудири нави нерӯгоҳи Норак таъйин шуд


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати худ, Фазлиддин Шоиддиновро раиси нерӯгоҳи барқи обии Норак таъйин кардааст. Фармони мазкур дар вебсайти расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашр шудааст. Фазлиддин Шоиддинов дар мақоми мазкур Шарифхон Самиевро иваз кард, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ӯро шаҳрдори шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин намуд.
XS
SM
MD
LG