Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири амниятии Обама озими Ховари Миёна шуд


Генерал Ҷим Ҷонс - мушовири амниятии Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳафта озими Ховари Миёна мешавад. Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷим Ҷонс дар ҷараёни ин сафар бо раҳбарони Арабистони Саудӣ, Исроил ва қаламравҳои Фаластинӣ доир ба масоили зиёде гуфтӯгу хоҳад кард. Сафари Ҷим Ҷонс ба Ховари Миёна дар ҳоле сурат мегирад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди ҳамлаи нофарҷоми терористӣ ба як ҳавопаймояш дар рӯзи 25 декабр, фишор ба терористони мазнун дар минтақаро афзоиш додааст. Масъулияти тарҳрезии он ҳамларо як ҳалқаи Ал-қоида бар дӯш гирифтааст. Мегӯянд, ки бомбгузори муттаҳам, дар Яман ҳамсояи ҷанубии Арабистони Саудӣ омӯзиш дидааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин талош дорад, то музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG