Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи хушбинонаи мудири Бонки Марказии Аврупо


Жан Клод Тришет - мудири Бонки Марказии Аврупо, мегӯяд, иқтисоди ҷаҳонӣ баъд аз рукуд, ба тадриҷ ба ҳолати мӯътадил бармегардад. Вай рӯзи душанбе гуфт, иқтисоди ҷаҳонӣ шоҳиди бозгашт бо вазъи мӯътадил шудааст. Жан Клод Тришет гуфт, беҳбуди вазъи иқтисодӣ асосан ба шарофати иқтисодҳои дар ҳоли рушди дунё будааст, вале ҳамзамон ҳушдор дод, ки акнун ин кишварҳо ба хатари таваррум ва ё инфлатсия рӯ ба рӯ шудаанд. Мудири Бонки Марказии Аврупо ҳамчунин гуфт, барои тақвияти тиҷорати ҷаҳонӣ бонкҳои тиҷоратӣ бояд тазмин диҳанд, ки вазъи муносиби молӣ доранд.
XS
SM
MD
LG