Пайвандҳои дастрасӣ

Каррубӣ аз мақомоти Эрон интиқод кард


Меҳдӣ Каррубӣ-раҳбари мухолифони Эрон аз мақомоти ин кишвар интиқод кард, ки онҳо аз номи дину мазҳаб ба мардум фишор меоранд. Вай аз мардум хост, ки ба ҳар гуна хатар тан дар надиҳанд. Вай дар як номаи боз, ки дар сафҳаи интернетиаш ба чоп расидааст, натиҷаҳои рай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи июни соли 2009-ро зери суол бурдааст ва онро "дуздии сиёсӣ" хондааст. Каррубӣ ва Мирҳусейн Мусавӣ-номзади аслии мухолифон дар ин интихобот беш аз пеш зери фишори муҳофизакорон қарор гирифтаанд. Муҳофизакорон аз онҳо "муҳореб" ном мебаранд, яъне афроди сазовор ба қатл.
XS
SM
MD
LG