Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи як кушки даврони суғдиҳо дар Панҷакент


Бозори марказии шаҳри Панҷакент. Акс аз хазина.

Бозори марказии шаҳри Панҷакент. Акс аз хазина.

Олимони бостоншиноси тоҷику швейтсарӣ ахиран ҳангоми гузаронидани кобишҳо дар мавзеи ёдгории таърихии Дижи Санҷаршоҳ, воқеъ дар 12-километрии шарқи шаҳри Панҷакент аз зери хок кушки мудаввари сеошёнаеро пайдо намуданд, ки он беназир ва ба қавли онҳо, мансуб ба қарнҳои 5-8-и мелод будааст.

Кушки мазкур, ба гуфтаи бостоншиносон, бо санъати меъмории суғдӣ ороиш ёфта, он ба шакли оташкадаи суғдиён бунёд шудааст. Даври ин кушк бо нақшҳои ориёӣ ороиш ёфта, ба гуфтаи олимон, ин кушк шабеҳи қалъаи Қойқирилгани замони антиқаи Хоразм будааст.

Шарофиддин Қурбонов, бостоншиноси академияи улуми пажӯҳишгоҳи таърих ва бостону мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар шаҳри Панҷакент, гуфт, миёни кушки бозёфтшуда як қалъаи дидбонгоҳӣ низ мавҷуд аст, ки он аз ҷониби ҳокимони Суғд ва барои корвониёни роҳи абрешим ҳамчун гузаргоҳи гумрукӣ хидмат мекардааст.

Оқои Қурбонов гуфт, ин дижи Санҷаршоҳ якҷо бо кушке, ки аз зери чаҳор қабат хок дарётф шудааст, иборат аз куҳандиж, шаҳристон ва оромгоҳ (некропол) буда, дар он аз рӯи ҳадси олимон, тақрибан ҳудуди 3 ҳазор сокинони суғднажод ба сар мебурдаанд.

Ва ин шаҳристон то замони истилои арабҳо бо корвонсарою кушкҳояш машҳуру маъмул будааст. Ба таъйиди оқои Қурбонов, дар ҳоли ҳозир кушки мудаввар ҳамчун ёдгории таърихӣ аз сӯи олимони тоҷику швейтсарӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG