Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои Қирғизистон 8 сол ба зиндон рафт


Имрӯз як додгоҳи низомӣ дар Бишкек Исмоил Исҳоқов-вазири пешини дифои Қирғизистонро барои ришвахорӣ ва суистифода аз мақом 8 сол маҳкум ба зиндон кард. Вай дар солҳои 2005 -2007 бар асоси ҳуҷҷатҳои дуруғин як хонаро дар бинои чандтабақа дар ихтиёри писараш гузоштааст. Баъд аз судури ҳукми додгоҳ Исҳоқов гуфт, ин иттиҳомот ангезаи сиёсӣ доранд:

"Касе наметавонад дар баробари ин гуна парвандаҳо бетараф бошад. Агар фишор, худхоҳии ҳукком, фишорҳои сисёсиро бар зидди миллат боз надорем, фардо дер хоҳад шуд".

Исҳоқов аз наздикони Қурмонбек Боқиев буд ва баъд аз инқилоби лолаӣ дар моҳи марти соли 2005 то авоили соли 2008 семати вазири дифои Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Моҳи маи соли 2008 Дабири Шӯрои Амният таин шуд ва дар моҳи октябр ин мақомро тарк кард ва ба мухолифон пайваст.
XS
SM
MD
LG