Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб қотили Валерий Михайлов ,афсари пойгоҳи низомии Русия мустақар дар ин шаҳрро пайдо намуданд.

Ҷасади ин афсар субҳи 6-уми январи соли ҷорӣ аз “Боғи Ғалаба” дар қисмати ҷанубии шаҳри Кӯлоб пайдо шуда буд. Озар Исоев, муовини додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, афсар ҳангоми зарбаи корд аз пой захмӣ шуда, дар ҳолати аз меъёр зиёд рафтани хуни баданаш ҳалок шудааст.

Дар натиҷаи тафтиши мақомот собит шудааст, ки чаҳор афсари рус бо шумули Валерий Михайлов дар ҳолати мастӣ ба берун аз шаҳр мераванд. Дар ҳамин ҳолат миёни ҳалокшуда ва Хитрин Иванов, як афсари дигари ин пойгоҳ муноқиша ба миён меояд, ки дар паи ин Хитрин бо корд ҳуҷум намуда, Валерийро маҷрӯҳ мекунад.

Ҷаноби Исоев мегӯяд, агар ба афсари маҷрӯҳшуда ёрии фаврӣ расонида мешуд, эҳтимол ӯ ҳалок намегардид, вале афсарони дигар ин корро анҷом надода, аз ҷои ҳодиса ба дохили қисми низомӣ фирор мекунанд. Ҷаноби Исоев мегӯяд, дар мавриди аввал гумон мерафт, ки дар куштори афсари рус сокинони маҳаллӣ даст доранд, вале тафтишоти онҳо ин гумонро ботил сохт.

Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Рустам Наботов, як коршиноси махаллӣ мегӯяд, дар рӯзҳои иду чорабиниҳо хамеша дар ҳолати мастӣ афсарони рус ҷиноят содир мекунанд. Ба гуфтаи у, борхо мушоҳида мешавад, ки харбиёни рус бо сокинони махаллӣ задухӯрд мекунанд, вале ин ҳолат аз ҷониби мақомоти дахлдор бо сабабҳои номаълум ба кайд гирифта намешавад.

Пойгоҳи ҳарбии Русия ҳанӯз аз солҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кӯлоб мустақар аст. Пас аз истиклолияти давлатии Тоҷикистон, бо иддаои пешгирӣ аз хатари эҳтимолӣ пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар шахрхои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе боқӣ мондаанд.

Дар нахустин рӯзхои соли 2010 аз ҷониби низомиёни рус дар Кӯлоб ҷиноят ба қайд гирифта мешавад. Ин дар холест, ки соли гузашта низ як афсари ин пойгоҳ дар марги як зан, сокини шахри Кӯлоб гумонбар дониста шуд.

Холи хозир як гурӯхи вижа аз сафорати Русия ва додситонии низомии Русия ба Кӯлоб омада, ходисаи катли афсари ин пойгохро дар хамкорӣ бо макомоти интизомии махаллӣ тахкик мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG