Пайвандҳои дастрасӣ

Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратии Малайзия ва Тоҷикистон


Бино ба як хабари расида аз Куала Лампур, тиҷорати миёни Малайзия ва Тоҷикистон дар оянда дар 5 самт густариш хоҳад ёфт. Дар ин бора намояндагони утоқҳои тиҷоратии ин ду кишвар 15-ӯми январ қарордод имзо мекунанд. Ин 5 самт иборат аз ҳамкории ширкатҳо дар бахшҳои омӯзишу парвариш, бонкдории исломӣ, идораи умури фурудгоҳҳо, хадамоти "ҳалол" ва ҷаҳонгардӣ мебошад. Интизор меравад, ки ин қарордод дар ҷараёни боздиди як ҳайати 21 нафарии Тоҷикистон аз Малайзия ба имзо расад. Боздиди ҳайат аз 14 то 25-ӯми январ идома меёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG