Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тифлис муттаҳамони шӯриш маҳкум шуданд


Имрӯз додгоҳи Гурҷистон созмондиҳандагони як шӯриши низомӣ дар ин кишварро ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин шӯриши хурд дар авоили моҳи май дар пойгоҳи қисми танкӣ дар берун аз шаҳри Тифлис дар маҳале бо номи Мухованӣ рух дод. Шӯриш баъд аз чанд моҳи тазоҳуроти эътирозии мухолифон бар зидди президент Михаил Саакашвилӣ, яъне баъд аз талоши Тифлис барои зери контроли худ даровардани Асетияи Ҷанубӣ сурат гирифт. Се нафар аз муттаҳамон барои талоши сарнагунии ҳукумат ба муддатҳои 29, 28 ва 19 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳи Тифлис 15 нафари дигарро аз 3 то 15 солӣ равонаи зиндон кардааст. Муттаҳамон инкор кардаанд, ки ҳадафи онҳо сарнагунии ҳукумат набуд.
XS
SM
MD
LG