Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди нахустин номзад ба интихобот


Илҳомҷон Ёқубов номзади ҲНИТ барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод шуд

Илҳомҷон Ёқубов номзади ҲНИТ барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод шуд

Нахустин дар миёни бахшҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар вилояти Суғд бахши суғдии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба пешбарии номзадҳои худ ба интихоботи парлумонии кишвар шурӯъ кард.

Рӯзи душанбеи 11–уми январ дар ҷаласаи ҳизби мазкур дар шаҳри Хуҷанд як номзади ин ҳизб – Илҳомҷон Ёқубов барои интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд. Ҳамчунин, номзадии 7 нафар ба маҷлиси вилоятӣ ва 25 нафар ба маҷлиси шаҳрӣ аз ҷониби ҳизби мазкур номзад интихоб ва тасдиқ гашт.

Ба гуфтаи масъулини бахши суғдии ҳизби наҳзат, боз 2 намояндаи худро аз ҳавзаҳои интихоботии Конибодом ва Исфара ба интихоботи маҷлиси намояндагон пешбарӣ хоҳанд кард.

Илҳомҷон Ёқубов, яке аз ин 3 довталаб, ба курсии парлумонӣ аз ҳавзаи инфиродии Хуҷанд, рақами 13 хоҳад буд. Вай узви раёсати олии ҳизби мазкур буда, то соли 2009 вазифаи раисии созмони ҳизби мазкур дар маркази вилояти Суғдро бар уҳда дошт.

Вай гуфт, дар наздиктарин фурсат номзадҳо асноди худро ҷиҳати сабти ном ба комиссияҳои интихоботӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, аксари кулли номзадҳои онҳо аз шаҳри Хуҷанд зери 35 сол доранд ва онҳоро аз доираҳои «мулло»-ву «рӯҳонӣ»-ён донистан дуруст нест.

Оқои Ёқубов мегӯяд, «чанд номзади мо номзадҳои илми иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, устодони донишгоҳ, ҳатто дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсили олӣ дида ҳастанд. Яъне, шахсиятҳои шинохта ҳастанд.Ва онҳо довталабона намояндагии худро аз ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод мекунанд. Ва мо бар онем, ки ин донишу истеъдод ва ақлу дониши сиёсие, ки дар онҳо ҳаст, бояд ғалабаи онҳоро таъмин кунад.»

Вай афзуд, онҳо дар Хуҷанд имкони ҳадди ақал ба даст овардани 10 ҷой дар маҷлисҳоро доранд. Вале танҳо чизе, ки метавонад натиҷаҳои интихоботро зери савол барад, аз комиссияҳои қитъавӣ берун мондани аъзои онҳо мебошад.

Дар интихоботи соли 2005 танҳо 3 номзади ин ҳизб аз шаҳри Хуҷанд барои соҳиб шудан ба як курсии маҷлиси вилоятӣ ва ду курсии шаҳрӣ вориди рақобат гашта буданд.

Ба гуфтаи масъулини бахши ин ҳизб, теъдоди аъзояшон дар маркази вилояти Суғд дар давраи 5 соли байниинтихоботӣ аз 200 нафар то 1 ҳазор афзудааст. Ба қавли онҳо, бо фарқ аз интихоботи гузашта намояндаҳои ҳизби наҳзат ба ҳамаи 13 комиссияи ҳавзаи инфиродии Суғд роҳ ёфтаанд, вале аз аксари кулли комиссияҳои маҳаллӣ берун мондаанд. Дар ҳоле ки танҳо ба комиссияҳои интихобот ба маҷлиси вилоятӣ 40 намояндаи худро пешниҳод карда буданд.

Вале Наим Маликисломов, раиси комиссияи интихоботӣ ба маҷлиси вилояти Суғд сабаби инро ба таъхири пешниҳоди рӯйхати аъзо аз ҷониби ҳизби мазкур медонад. Вай дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, «бахши ҳизби наҳзат рӯйхати 40 нафарро ба мо пешниҳод карданд, 20 нафари онҳоро ба комиссияҳои ҳавзавии вилоятӣ дохил кардем. Дигарҳо ба комиссияҳои ҳавзавии маҳалҳо пешниҳод шуда буданд ва бояд ба ҳамон комиссияҳо рӯйхат медоданд. Аммо дер карданд.»

Ба гуфтаи Наим Маликисломов, дар 3-4 рӯзи оянда дигар бахшҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо баргузории конфаронсҳои пешбарӣ ба сабти номи номзадҳои худ дар комиссияҳои интихоботӣ шурӯъ хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз комиссияҳои ҳавзаи инфиродии рақами 13, шаҳри Хуҷанд ва шаҳрӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ягон номзад ҷиҳати сабти ном асноди худро пешниҳод накардааст.

То ҳол танҳо ҳизби ҳукмрони халқии демократии Тоҷикистон омода будани рӯйхати довталабони ҳизбаш барои довтаталабӣ ба курсиҳои вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро сароҳатан изҳор дошт. Аммо ҳизбҳои дигари сиёсӣ тасмимҳои ниҳоии худро ҳанӯз эълони надоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG