Пайвандҳои дастрасӣ

Носир Улмасзод: "Маро аз ҳисоб берун надонед..."


Носир Умарзод

Носир Умарзод

Дӯстони арҷманд. Имрӯз як мухлиси солдидаи мо меҳмони "Блогистони Озодӣ" мешавад. Чанде пеш вай ба мо нома фиристода буд ва ҳамин гуна мукотибаи дуҷониба сар шуд. Аз ӯ хоҳиш кардем, барои мо бинависад. Номаҳои ӯро бе тапиши дил хондан намешавад. Аз қариб 50 номаи кӯтоҳи ӯ ин навиштаро тартиб додем ва умедворем, ҳам мукотибаи мо ва ҳам блогнависии ҳамватани мо идома хоҳанд кард.

Ман, Носир Улмасзод, 74-сола, дар Амрико, дар ғарибӣ умр ба сар мебарам. Илтимос, маро ба ҳисоб гиред ва аз зодгоҳам, шаҳри Истаравшан (Ӯротеппа) ягон посухе бифиристед.

Мани ғарибро ягон кас ёд намекунад. Ман дар аёлати Миссурӣ, шаҳри Коламбия, зиндагӣ мекунам. Ҳафт сол пеш ба зодгоҳам Истаравшан рафтам, хостам, ки бимонам, нашуд. Ба ман 5 доллар пенсия таъин карданд, ҳол он ки 50 сол муаллим шуда кор кардаам. Дар Амрико ягон сол кор накарда, ба мани ғариб қариб 700 доллар пенсия доданд. Барои қазо 100 доллар кифоя аст. Аз ҳеҷ чиз камбудӣ надорам. Ба мақоли русии "не хлебом единим жив человек", тарки ватан ва ёру дӯст маро шиканҷа медиҳад.

Ман 15 сол аст, дар Амрико мебошам ва шаҳрванди Амрикоям, аммо кӯшиш мекунам, забони модариямро гум накунам.

Дар ин ҷо як масҷиди калон ҳаст. Аксарияти намозгузорон арабҳоянд, чанд нафар эронӣ ҳам аст. Аз тоҷикон, Далер бо додараш ва зану фарзандонаш, аз муҷаррадҳо, Ҳамза, Илҳом, Қодир, Зафар ва Олимҷон ҳам ба масҷид меоянд. Бештар дар моҳи Рамазон.

Дар масҷид ифтор медиҳанд. "Шведски стол". Ҳамаи хӯрокро дар мизҳо мемонанд, дилат кашидагӣ хӯрокро интихоб карда, мегирӣ. Дар ифторҳо қариб 100 нафар ҷамъ мешавад. Дар рӯзи Иди Рамазон ва ҳам Иди Қурбон масҷиди мо ҳотелҳо ва стадионро киро мегирад, чунки қариб 1000 нафар ҷамъ меоянд.

Масҷиди мо дуошёна аст. Дар қабати якум зали банкету таҳоратхона ва халоҷо ҷойгиранд. Қабати дуввум ҷои намоз. Рӯзи ҷумъа зали банкет ҳам ба намозхона мубаддал мешавад. Микрофон ҳаст ва як экрани калон, ки акси имом дар он дида мешавад. Ними дигари масҷид барои занҳост. Марду зан аз як дар намедароянд. Занҳо дари алоҳида доранд. Тааҷҷубовараш ҳамин ки имоми мо амрикоӣ аст. Аз дини христианӣ ба ислом гузаштааст ва дар Макка таҳсил кардааст. Умуман дар Амрико ҳар шаҳр як масҷид дорад, қатъи назар аз он ки хурд бошад ё калон.

Ин ҷо як тоҷик аз Душанбе ба дини христианӣ гузаштагӣ. Ҳатто калисо кушода худашро пастор мешуморад. Солаш ба соли ман наздик. Азбаски ҳамсолони ман нестанд, ман маҷбурам, ки бо ӯ дӯстӣ кунам. Номи вай Рӯзибой аст. Боре Рӯзибой маро ба калисояш овард. Онҳо пайғамбар Исоро писари худо мешуморанд. Бадияш ҳамин ки худоро фаромӯш карда, ба Христос саҷда мекунанд. Ман суол кардам, ки худо худо аст ё Христос? Ҷавоб дода натавонист. Боз пастор будааст.

Гандагияш ҳамин ки Рӯзибой сектант аст. Ӯ дар сектаи махсус аст. Дар ҷавонияш кисабур буда, се бор ҳабс шудааст ва 5 бор зан гирифтааст. Дар Душанбе ошпаз шуда кор мекардааст. Ин ҷо ҳам як деги якпуда дорад, дар баҳору тирамоҳ дар паркҳо монда, барои русзабонҳо зиёфатҳо ташкил мекунад. Қариб то 50 кас меояд. Мақсадаш ҳамин ки ба сектаи худаш одамҳоро ҷалб кунад, аммо касон зиёфаташро хӯрда, пароканда мешаванд ва ҳеҷ кас ба сектаи ӯ намеравад. Лекин палави бомазза мепазад. Дурӯғчии беҳадду канор.

Чаро ман ба Амрико омадам? Ман узви Ҳизби демократи Тоҷикистон будам. Ситодаш дар пушти чойхонаи "Роҳат" буд. Афсӯс, ки ба ман бовар накарданд, чунки ин ҳизби як маҳал буд. Дилам аз ин ҳизб мисли ях хунук шуд. Ман онро тарк кардам. Аммо баъд аз шикасти исломистҳо додситонӣ маро гаранг кард. Ҳар рӯз повестка медод. Аз барои ҳамин ман ба таври гуреза ба Амрико сафар кардам.

Ба номи оллоҳу таоло қасам мехӯрам, ки Ҳизби демократ ягон супориш надодааст ва ба ҷаласаҳояшон ҳам даъват накардаанд, фақат билет доданду халос.

Боре ба ман супориш аз тарафи Донишкадаи кишоварзӣ (ман он ҷо кор мекардам) дода шуд, ки акси донишҷӯёнеро, ки дар митинги ғармиҳо иштирок мекарданд, гирам. Митинг дар рӯбарӯи бинои президент барпо шуд. Ҳамин ки ман бо фотоаппарат пайдо шудам, як студент соҳибони митингро огоҳӣ кардааст, ки ман барои cуратгирии стундетон омадаам, муҷоҳидинҳо маро иҳота карданд. Ман ба онҳо билети ҳизби демократиро нишон додам ва ба минбар баромада, гуфтам, ки шумо бо ин аҳволатон дур намеравед.

(Думбола хоҳад дошт)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG