Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ хостори музокира бо Амрико шуд


Кореяи Шимолӣ аз Амрико даъват кардааст, ки музокироти сулҳ анҷом диҳад, то бад-ин тартиб ба нишонаи аз сар гирифтани музокироти байналмиллалӣ таҳримҳо хотима ёбад. Ин музокирот ба ғайриҳастаӣ шудани Кореяи Шимолӣ ихтисос дорад. Дар эъломияи вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ, ки хабаргузории марказии ин кишвар чоп кардааст, гуфта мешавад, ки барои ҳосил шудани боварӣ миёни Кореяи Шимолӣ ва Амрико бояд созиш имзо шавад. Ин созишнома ҷойгузини санади оташбаси ҷанги солҳои 1950-1953 хоҳад буд. Амрико мегӯяд, музокирот замоне шурӯъ мешавад, ки Кореяи Шимолӣ барномаҳои ҳастаиашро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG